Ихтилофи Русия бо Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо бар сари шаҳрванди Тоҷикистон
(last modified Tue, 07 Mar 2017 05:39:42 GMT )
Март 07, 2017 10:39 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи Русия бо Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо бар сари шаҳрванди Тоҷикистон

Русия ба ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар мавриди ҷуброни хисорати молии воридшуда ба як шаҳрванди тоҷикистонӣ ва ҳамсараш, ба далели эҷоди мамнуияти ғайриқонунӣ барои вуруд ба ин кишвар эътироз кард.

Ба гузориши “СА-нюз”, Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо 26-уми октябри соли 2016 бо судури ҳукме Русияро муваззаф кард, ки бо пардохти 10 ҳазор евро ба Туйчӣ Ҷӯраев ва ҳамсари вай, хисороти молии ворида барои мамнуияти ғайриқонунии вуруди онон ба ин кишварро ҷуброн кунад.

Туйчӣ Ҷӯраев муовини Созмони коргарони муҳоҷири Тоҷикистон дар Русия буд, ки дар ин кишвар фаъолияти қонунӣ дошт.

 Вай дар соли 2013 ба Тоҷикистон рафт ва пас аз як ҳафта, ҳангоми бозгашт ба Русия мутаваҷҷеҳ шуд, ки вурудаш ба ин кишвар мамнуъ шудааст.

Ин дар ҳоле буд, ки ҳамсар ва фарзандони ӯ дар Русия буданд.

Пас аз кашида шудан ин моҷаро ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо, мақомоти Русия дар соли 2015 ҳукми мамнуияти вуруди ин шаҳрванди Тоҷикистонро бекор карданд.

Ин додгоҳ бо истинод ба банди 8-и Конвенсиюни ҳуқуқ башар ва хонавода, аз мақомоти Русия хост, ки ба Туйчӣ Ҷӯраев ва ҳамсараш 10 ҳазор евро ба унвони ҷуброни хисороти ворида пардохт кунанд.

Мақомот додгустарии Русия ба ин ҳукм эътироз карда ва онро ғайриодилона хондаанд.  

 Қарор аст, додгоҳи таҷдиди назар дар Аврупо дар ин маврид тасмимгирӣ кунад.