Бештарин интиҳориҳои ДИИШ тоҷик ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i14264-Бештарин_интиҳориҳои_ДИИШ_тоҷик_ҳастанд
Бар асоси арзёбиҳои як созмони байналмилалӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гуруҳи тераристии ДИИШ аз ҳама бештар даст ба ҳамалоти интиҳорӣ задаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 07, 2017 15:27 Asia/Dushanbe
  • Бештарин интиҳориҳои ДИИШ тоҷик ҳастанд

Бар асоси арзёбиҳои як созмони байналмилалӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гуруҳи тераристии ДИИШ аз ҳама бештар даст ба ҳамалоти интиҳорӣ задаанд.

Тибқи гузориши Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм мустақар дар Голандия, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гуруҳои  интиҳории гурӯҳи тераристии "ДИИШ” дар Ироқ ва Сурия аз ҳама бештар будааст.

Дар ин гузориши созмони мазкур бо номи "Ҷанг бо амалиёти интиҳорӣ", ки ахиран дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст, омори амалиётҳои интиҳорӣ дар байни ҷангиёни ДИИШ дар фосилаи байни моҳи декабри соли 2015 то 30 ноябри соли 2016 таҳлил  шудааст.

Бар асоси ин гузориши Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм 20 дарсади нерӯҳои гурӯҳи "ДИИШ” аз хориҷ вориди Сурия ва Ироқ шуда ва 74 дарсади афроди интиҳорӣ  зодагони сурияву ироқ  ҳастанд.

Дар ин гузориш шумораи бамбгузорони интиҳории тоҷик 27 нафар, Арабистони Саудӣ ва Мағриб 17 нафар, Тунис 14 нафар, Русия 13 нафар, Миср 11 нафар ва Фаластин 9 нафар эълом шудаанд.

Ин гузориш мегӯяд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар амалиётҳои интиҳории худ бештар аз мошинҳои бамбгузоришуда истифода мебарад, ки кор гирифтан аз ин шева 70 дарсад будааст.

Иддаъои ин созмони байналмилалӣ дар мавриди шумораи бештарини шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои гурӯҳҳои интиҳории "ДИИШ”  дар Ироқу Сурия дар ҳолест, ки ахиран мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз коҳиши кобили мулоҳизаи ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ гузориш додаанд.

Аз ҷумла ахиран Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон зимни гузориш дар ҷаласаи Маҷлиси Миллии парлумони ин кишвар гуфт, ки  шумораи ҷалби ҷавонони тоҷик  ба сафи гуруҳҳои тераристиву ифротӣ то 5 баробар кам шудааст.

Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода ВУДТ дар нишасти матбуотии ахири ин ниҳод таъкид, кард, ки бо сайу талошҳои пайвастаи мақомот сол аз сол шомилшавии ҷавонони тоҷик  ба гурӯҳҳои тундрав коҳиш меёбад. 

Ба гуфтаи вай соли 2015 88 нафар ва соли гузашта 22 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ихтиёран  аз Сурия ба ватан баргаштаанд.

Дар ҳамин ҳол Қосими Бекмуҳаммад таҳлилгари умури минтақа мегӯяд, ки дар ин авохир бархе созмон ва кишварҳои хориҷӣ дар ростои манофеъи хеш ба бузургнамоии хатароти гуруҳи ДИИШ ва авомили нуфузии он барои амнияти ОМ даст мезананд.

Бояд гуфт, тибқи иттилоъи ВУДТ дар соли гузашта ин ниҳод  аз 36 амали террористӣ ҷилавгирӣ карда  дар пайи хунсо кардани ин талошҳои тахрибкорона, 50 нафарро боздошт карданд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, гурӯҳҳое, ки мехостанд дар хоки Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи "ДОИШ” буданд.

Мақомоти тоҷик пайвастани шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои тундрави мазҳабиро аз таҳдидоти ҷиддӣ ба суботу амнияти ин кишвар медонанд.

Дар соли 2014 ба қонуни  ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон мақомоти Тоҷикистон барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод карданд.