Намояндагони 90 кишвар дар ҳамоиши "дастарсӣ ба об" дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i1447-Намояндагони_90_кишвар_дар_ҳамоиши_дастарсӣ_ба_об_дар_Душанбе
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз ҳузури 500 меҳмони хориҷӣ аз 90 кишвар дар Ҳамоиши «дастрасӣ ба об ва беҳдошт», дар шаҳри Душанбе хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 06, 2016 12:48 Asia/Dushanbe
  • Намояндагони 90 кишвар дар ҳамоиши

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз ҳузури 500 меҳмони хориҷӣ аз 90 кишвар дар Ҳамоиши «дастрасӣ ба об ва беҳдошт», дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вафо Ниятбеков, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар конфронси матбуотӣ дар бораи ҳамоиши байналмилалии таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт, гуфт, ин ҳамоиш бо ибтикори муштараки давлати Тоҷикистон ва Кумитаи умури иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид, аз 9 то 11 август дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Вай афзуд, дар ин ҳамоиш беш аз 500 меҳмон аз 90 кишвари хориҷӣ, 47 созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди кишварҳои Ҳамсуд, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Бонки Ҷаҳонӣ ва маҳофили донишгоҳӣ, тоҷирон ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ширкат мекунанд.

Вай тасреҳ кард, ин ҳамоиш ба манзури иҷрои барномаи байналмилалии "Об барои рушди пойдор", ки аз сӯи Тоҷикистон барои 10 соли оянда пешниҳод шуда, заминаи муносиберо фароҳам хоҳад кард.

Ҳамоиши байналмилалии таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт, бо ҳадафи афзоиши тавони ҳукуматҳо ва мақомоти маҳаллӣ дар мудирияти якпорчаи обӣ, табодули дониш ва таҷриба барои беҳбуди дастрасӣ ба об, иртиқои баҳраварӣ аз об ва рушди ҳамкорҳои минтақаӣ ва чандҷониба дар Душанбе баргузор мешавад.