Дархости як модар аз Э.Раҳмон: Писарамро раҳо кунед
-
Дархости модари Абдуқаҳҳори Давлат аз раисҷумҳури Тоҷикистон
Қурбонгул Давлатова, модари Абдуқаҳҳори Давлат, сардабири "Наҷот” – нашрияи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар номае ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки писарашро озод кунанд. Қурбонгул Давлатова мегӯяд, писари ӯро беасос ба терроризм айбдор карда ва 28 сол ҳукми зиндон додаанд.
Ба иттилои сайти Ахбор, Қурбонгул Давлатова, модари Абдуқаҳҳори Давлат, сардабири "Наҷот” – нашрияи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва дар як номаи саркушода ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори раҳоии писараш аз зиндон шудааст. Абдуқаҳҳори Давлат, ки 15 сентябри соли 2015, дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир шуд, моҳи июни соли 2016 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҷурми ҳамдастӣ дар он ошӯб ва фаъолиятҳои ифротӣ ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.
Аммо модари ӯ Қурбонгул Давлатова дар номааш ба президент Эмомалӣ Раҳмон, омбудсмен Зариф Ализода, раиси Додгоҳи Олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён ва додситони кулл Юсуф Раҳмон, ки дар арафаи Иди модар навиштааст, мегӯяд, писари ӯро беасос чунин ҳукми сангин додаанд.
Ӯ менависад, писараш Абдуқаҳҳори Давлат дар солҳои гурезагӣ Донишкадаи арабии ба номи Имоми Аъзам ва баъди бозгашташ ибтидои риштаи журналистика ва тарҷумонӣ ва сипас риштаи иқтисоди ҷаҳони Донишгоҳи миллиро хатм кард ва ду навбат номзад ба вакилии парлумон буд.
Ӯ менависад: "Магар як нафаре, ки чунин дастовардҳои илмӣ дорад ва аз овони навҷавониаш талхиву ширинии ҳаётро санҷидаву эҳсос кардааст, метавонад террорист, одамкуш, тахрибкор ва ҷинояткор бошад? Ҳаргиз на!”
Қурбонгул Давлатова дар қатори ҳама ба чунин ҳукми тӯлонӣ маҳкум шудани писарашро кори дасти онҳое мешуморад, ки бар хилофи ҳушдорҳои батакрори раисиҷумҳур дар бораи эҳтироми волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи озодиҳои мардум амал карда ва ба обрӯи Эмомалӣ Раҳмон ва имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма мезананд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи июни соли 2016 муҳокимаи парвандаи 13 тан аз раҳбарони ҲНИТ-ро ба поён оварда, ду муовини раиси ҳизб – Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайниро ба ҳабси абад ва 9 тани дигарро ба муддати аз 14 то 28 сол маҳкум ба зиндон кард. Абдуқаҳҳори Давлат низ дар ҳамин парвандаи гурӯҳӣ маҳкум ба 28 соли зиндон шуд.