Эъломи барномаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе
Маросими вижаи Наврӯз дар шаҳри Душанбе аз 21-уми март оғоз мешавад.
Ба гузориши хабаргузории "Ховар", Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ҷашни наврӯзӣ аз соати 9-и субҳи рӯзи 21-уми март дар боғи фарҳангӣ ва тафреҳии "Дӯстии халқҳо", боғи фарҳангӣ ва тафреҳии "Пойтахт", боғи Садриддин Айнӣ ва майдони "800 солагии Маскав" бо иҷрои барномаҳои мусиқӣ, барпоии маҳофили шеъру суруд бо ширкати ҳунармандон ва хонандагон баргузор мегардад.
Бар асоси ин гузориш, шомгоҳи 21-уми март низ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе театри наврӯзӣ барои мардум иҷро хоҳад шуд.
Дар поёни барномаҳои наврӯзӣ низ мушакҳое аз 7 бурҷи шаҳри Душанбе шиллик хоҳад шуд.
Иҷрои театр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода дар 22-юми март якеи дигар аз барномаҳои Наврӯзи имсол дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Тоҷикистон барои ҷазби гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ ҳар сол дар айёми Наврӯз барномаҳои вижае монанди барпоии бозорчаҳои наврӯзӣ, мусобиқот, театру суруд ва дигар бозиҳои саргармкунанда ва шодро иҷро мекунад.
Гардишгароне ки то ҳол ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ба алоқамандон тавсия мекунанд, ки барои дидани маросими наврӯзӣ афзун бар шаҳри Душанбе, ба Панҷакент, зодгоҳи Рӯдакӣ, Хуҷанд-дувумин шаҳри бузурги Тоҷикистон, ноҳияи Ҳамадонӣ-зодгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, вилояти Бадахшон ва дигар шаҳру навоҳии ин кишвар ҳам сафар кунанд ва аз наздик ойинҳои мардумиии Наврӯзро тамошо кунанд.