Дидори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири обу энержии Покистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хоҷамуҳаммад Осаф, вазири об, энержӣ ва дифои ҷумҳурии исломии Покистон имрӯз дар “Қасри Миллат”-и шаҳри Душанбе бо якдигар дидор карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор бо ибрози ризоият аз тақвияту густариши равобити Душанбеву Исломобод дар арсаҳои мухталиф, биступанҷумин солгарди барқарории равобити дипломатии ду кишварро гиромӣ дошт.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки самараи ин равобит дар тавсеаи ҳамкории Душанбеву Исломобод, ба вижа дар бахшҳои энержӣ ва амният чашмгир аст.
Дар ин дидор ду тараф аз натоиҷи ҳамкории муштараки ниҳодҳои ҳукуматӣ, дифоъ ва хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон дар мубориза зидди чолишҳои амниятии минтақа, ба хусус терроризм ва ифротгароӣ ибрози хурсандӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Хоҷамуҳаммад Осаф, ҳамчунин бар аҳамияти ҳамкории низомиву фаннии ду кишвар, ба хусус дар бахши ҳифозат аз марзҳо таъкид карданд.
Тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи энержӣ, нафту газ, иҷрои тарҳи минтақаии КАСА -1000, истифода аз фурсатҳои транзитӣ ва зарурати афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири об, энержӣ ва дифои Покистон буд.