Март 18, 2017 11:56 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики наврӯзии раисҷумҳури Узбакистон ба Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Узбакистон дар паёме ба ҳамтои тоҷикистониаш Эмомалӣ Раҳмон бо табрики иди Наврӯз бар тақвияти ҳамкории наздики байни ду кишвар таъкид кард.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Шавкат Мирзоев, раисҷумҳури Узбакистон дар ин паём тасреҳ кардааст: Наврӯз иде бо шукӯҳу куҳан аст, ки ҳамчун рамзи дӯстӣ, сатҳи равобити байни мардуми узбаку тоҷикро афзоиш ва ду миллатро бештар аз гузашта дар канори ҳам қарор хоҳад дод .

Маросими аслии наврӯзӣ дар Тоҷикистон дар торихи 21 март дар шаҳри Душанбе дар наврӯзгоҳ оғоз мешавад ва 22 март дар шаҳри Турсунзода, воқеъ дар 45 километрии ғарби Душанбе идома меёбад .

 

Барчасп