Август 07, 2016 08:36 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи ҳароратии «Душанбе-2» ба наздикӣ

Ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, ки то поёни соли ҷорӣ марҳилаи дувум ва сеюм аз нерӯгоҳи ҳароратии «Душанбе-2» бо зарфияти умумии 300 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Ба иттилоъи масъулини ширкати «Барқи Тоҷик», аз ҷумла қарор аст, дар моҳи октябри соли ҷорӣ чархаи аввали марҳилаи дуввум бо тавонии 150 МВт ва дар моҳи ноябр чархаи дуввум бо зарфияти мушобеҳ фаъол шавад.

Маҳмадумар Асозода муовини аввали раиси ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”  ахиран дар як нишатси матбуотӣ гуфт, ки дар сурати баҳрабардории комил аз марҳилаи дуюми нерӯгоҳи ҳароратии «Душанбе-2» дар рӯз беш аз 7 миллион кв/соат барқи изофӣ дар мавсими сармо тавлид  мешавад.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи оқои Асозода дар сурати истифодаи муассир аз гармии тавлидшуда дар нерӯгоҳи ҳароратии ҷадид дар шаҳри Душанбе, инчунин замина фароҳам мешавад, то аз масрафи 200 МВт барқ сарфаҷуӣ шавад.

Ин манбаъ меафзояд, ки айни замон дар шаҳри Душанбе лулуакашӣ дар тули 18 км идома дорад, то беш аз 1200 бинои пойтхат, аз ҷумла манзилҳои баландошёнаи маскунӣ дар мавсими самро бо гармӣ аз нерӯгоҳи ҳароратии «Душанбе-2» таъмин шаванд.

Ба иттилоъи ширкати “Барқи Тоҷик” шаҳри Душанбе дар рӯзҳои сарди пойизу зимистон, дар рӯз то 14 миллион кв/соат барқ масраф мекунад, ки бахши аъзами барқи масрафшуда  барои гарм кардани манзилҳои маскунӣ истифода мешавад.

Гуфтанист бунёди нерӯгоҳи ҷадиди ҳароратии «Душанбе-2» аз сӯи ширкати чинии ТИБИИЕЙ  анҷом шуда, марҳилаи аввали он бо зарфияти 100 МВТ дар моҳи январи соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.