Март 22, 2017 16:41 Asia/Dushanbe
  • Аслов ва О, Брайан дар боари даҳсолаи  “Об барои рушди устувор″ табодули назар карданд.
    Аслов ва О, Брайан дар боари даҳсолаи “Об барои рушди устувор″ табодули назар карданд.

Рӯзи 21-уми марти соли 2017 дар мақарри Созмони милали муттаҳид Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Стивен О,Брайан, муовини дабири кулли Созмони милал дар умури башардӯстӣ дидор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ба нақл аз манобеи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, зимни мулоқот вазири умури хориҷии Тоҷикистон таваҷҷуҳи муовини дабири кулли СММ-ро ба масъалаҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба боришоти зиёди барф дар минтақаҳои кӯҳистонии ин кишвар, ҷалб намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба таври муфассал масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари СММ дар умури ҳамоҳангсозии масоили башардӯстона ва дафтари умури коҳиши хавфи офатҳои табииро дар таҳкими омодагии ин кишвар ба офатҳои табиӣ ва такмил додани гурӯҳҳои наҷотдиҳанда матраҳ намуданд.

Илова бар ин, ҷонибҳо дар масоили марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ва дурнамои ҳамкориҳо дар пешбурд ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали  “Об барои рушди устувор- 2018-2028″ табодули назар карданд.  

Барчасп