Март 22, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • А. Давлатов: \
    А. Давлатов: \"Наврӯзро тоҷикон дар Русия роиҷ карданд\"

Дуктур Абдуллоҳ Давлатов, раҳбари созмони тоҷикони “Самандар” дар Маскав, аз зумраи нахустин афродест, ки ҷашни Наврӯзро дар Маскав ва Русия роиҷ кардаанд.

Ба гузориши “Sputnik”, Абдуллоҳ Давлатов гуфт, Наврӯз дар пойтахти Русия низ ҳамзамон бо фаро расидани баҳор бо шукӯҳе вижа ҷашн гирифта мешавад. Аммо роиҷ шудани Наврӯз дар Маскав торихчае дорад. Ба гуфтаи Абдуллоҳ Давлатов, вай дар солҳои 1990, пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, дар яке аз донишгоҳҳои Маскав таҳсил мекарда ва дар он айём ҳамроҳ бо донишҷӯён барои нахустин бор Наврӯзро дар рестурони "Арбат" ҷашн гирифтаанд.

Вале ба бовари ӯ, баъдан, чанд соле буд, ки Наврӯзро дар Маскав фаромӯш карда буданд. Ба гуфтаи дуктур Давлатов, соли 2007 созмонҳои тоҷикӣ дар Маскав барои нахустин бор ҷашни бузурги Наврӯзро барои умум ташкил карданд. Аз он пас сароеро дар Маркази намоишгоҳҳои Русия (ВДНХ) иҷора гирифта, ҷашни Наврӯзро ҳамасола баргузор мекарданд.

Вай афзуд: "Хуб дар ёд дорам, он сол каму беш 2500 нафар аз он барномаи наврӯзиямон боздид карда буданд".

Оқои Давлатов гуфт, сипас дар соли 2010 Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия аз намояндагони дигар кишварҳо — эрониҳо, узбакҳо, озарбойҷониҳо, қирғизҳоро низ даъват кард, дар ҷашни Наврӯз ширкат кунанд. Аз ҳамон сол ин ҷашн дар Маскав дубора роиҷ ва умумӣ шуд.

Вай афзуд: “ Ман метавонам бо ифтихор бигӯям, ки барои аввалин бор Наврӯзи ҷаҳониро дар Маскав мо ҷашн гирфтаем. Наврӯзро дар Русия тоҷикон роиҷ карданд".

Давлатов бар ин бовар аст, ки Наврӯз тоҷикистониёнро дар Русия ва миёни намояндагони сойири миллатҳо аз дидгоҳе дигар муаррифӣ намуд.

Бар асоси оморҳо, соли гузашта аз барномаи Наврӯз дар Маскав, ки дар Маркази намоишгоҳҳои Русия (ВДНХ) баргузор шуд, дастикам 15 ҳазор меҳмон боздид карданд. Имсол Наврӯз дар Маскав 1 апрел ҷашн гирифта мешавад. Баргузоркунандагон чашмдоранд, ки соли ҷорӣ бештар аз порсол меҳмон хоҳанд дошт.
 

 

 

Барчасп