Март 27, 2017 14:39 Asia/Dushanbe
  • Фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон оиди “лото”

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қиморро ҳаром эълом кард.

Ба иттилои “Озодагон”, Шӯрои уламо ба суоли корбари сомонааш, ки оё лото қимор аст, изҳор доштааст, қимор ҳар навъ бозиеро мегӯянд, ки дар он маблағе ба шарт дода ва гирифта мешавад:

"Қиморбозӣ бо далели қуръонӣ ҳаром аст, чунонки Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Эй мӯъминон, ҷуз ин нест, ки хамр ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори Шайтон аст; пас, аз вай дурӣ кунед, то бувад ки растагор шавед”. (“Анъом”, 90)

Шӯрои уламо анҷом додани ин амалро гуноҳи кабира хонда гуфтааст, чун василаи хӯрдани моли мардум бо роҳи фиребу ҳаром мебошад, ҳол он ки Худованд фармудааст: “Эй мӯъминон, амволатонро дар миёни худ ба ноҳақ махӯред”. (“Нисо”, 29) Гуноҳи қимор чунон сангин аст, ки ҳатто даъват ба он боиси гунаҳгор шудани гӯяндааш мегардад. Чунонки Расули Худо (с) дар ин ҳадис фармудааст: “Агар шахсе ба рафиқаш гӯяд, ки “биё қимор бозем”, пас бояд, ки садақае диҳад”. (Ривояти Бухорӣ)

Шӯрои уламо гуфтааст, агар дар бозии лото ва дигар навъҳои бозӣ маблағе гузошта шавад, пас он ҳам қимор ба ҳисоб меравад ва тибқи ояти қуръонӣ ҳаром мебошад. Вале агар бидуни маблағ анҷом дода шавад, пас як навъ лаҳв ва кори беҳуда ба шумор рафта, боиси зоеъ шудани умри гаронмоя мебошад.