Март 27, 2017 19:04 Asia/Dushanbe
  • Қатли як сарбози тоҷик дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Манобеи расонаии Тоҷикистон имрӯз аз қатли як сарбози тоҷик, дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, ин сарбоз дар воҳиди марзбонии минтақаи Панҷ дар имтидоди марзи Тоҷикистон - Афғонистон ба дасти яке аз ҳамқаторонаш кушта шудааст. Ҳанӯз мақомоти расмӣ номи қотил ва мақтул ва илалу ангезаҳои ин ҳодисаро эълом накрдаанд.

Танҳо гуфта мешавад, як сарбози аҳли Душанбе, ки ба хидмати сарбозӣ фарохонда шуда буд, ҳамхидмати худро, ки аз аҳолии минтақаи Ҳисор аст бо гулӯлаи Калашников ба қатл расондааст.

Додситони низомии Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, дар ин замина парвандаи ҷиноӣ ташкил дода ва яке аз фарзияҳои ин қатлро беэҳтиётии сарбози қотил, дар истифода аз силоҳ унвон кардааст.

Дар пайи ин ҳодиса, фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон ба тамоми воҳидҳои низомии ин сохтор дастур додааст, ки аз наҳва нигаҳдорӣ ва истифода аз силоҳҳои гарм, ки дар ихтиёр ин сохтор қарор дорад, бозрасӣ шавад.

Дар солҳои ахир мавориди қобили таваҷҷуҳе аз марги сарбозони тоҷик рух додааст, ки омили бештари ин ҳаводис зӯргӯии сарбозон ва афсарон будааст.

Моҳи қабл низ сарбоз Эҳсон Элчибеков, дар яке аз воҳидҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон, мустақар дар шаҳр Душанбе ба таври мармузе кушта шуд.

Волидайни ин сарбоз муддаианд, ки вай низ ба дасти яке ҳамхидматҳояш кушта шудааст.

 

Барчасп