Оғози таҳқиқоти ҷомеи Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон
Дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз оғози таҳқиқи ҳамаҷониба дар бораи авзои иқтисодии ин кишвар аз тариқи иртиботи мустақими интернетӣ хабар дод.
Ба гузориши дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар ин таҳқиқ, ки то 12 апрел идома хоҳад ёфт, аз марокизи илмию пажӯҳишӣ, аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ, коршиносону таҳлилгарон ва иқтисоддонони мустақил даъват шудааст, ки дидгоҳу назарҳои худро дар бораи вазъи иқтисодии ин ҷумҳурӣ ва роҳҳои хурӯҷ аз буҳрони молии феълӣ матраҳ кунанд. Гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ муътақид аст, ки дидгоҳи ин маҳофилу гурӯҳҳо заминаи таҳияи барномаи ҷомеи хурӯҷи Тоҷикистон аз буҳрони иқтисодию молӣ, коҳиши фақру бекорӣ ва таъйини самту сӯйи рушди дарозмуддати ин кишварро фароҳам хоҳад кард.
Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар 15 соли ахир ин кишвар барои иҷрои тарҳҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз Бонки ҷаҳонӣ 640 миллион доллар кумак дарёфт кардааст.