Дар Тоҷикистон ифротгароии исломӣ вуҷуд надорад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15154-Дар_Тоҷикистон_ифротгароии_исломӣ_вуҷуд_надорад
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки дар ин кишвар ифротгароии исломӣ вуҷуд надорад.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Март 30, 2017 05:23 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон ифротгароии исломӣ вуҷуд надорад

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки дар ин кишвар ифротгароии исломӣ вуҷуд надорад.

Ба гузориши сойти “Фарғона”, Шокирҷон Ҳакимов таъкид кардааст, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҷойи решаёбӣ ва муқобила бо иллату авомили пайдоиши тафаккури ифротгароӣ танҳо аз зӯр кор мегиранд ва бо ин шиор ба саркӯб кардани нерӯҳои исломии муътадилу мухолифони сиёсии хеш иқдом мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳадаф аз ин барнома муқобила бо нуфузи Ислом дар ҷомеа аст ва тарҳи шиори вуҷуди гурӯҳҳои ифротӣ беҳтарин баҳонаро ба нерӯҳои амниятию интизомӣ медиҳад, то дар миёни мардум фазои тарсу ваҳшат эҷод намоянд. "Дар асл тафаккури ифротӣ дар миёни ҷомеаи мусалмони Тоҷикистон вуҷуд надорад ва мақомоти давлатӣ барои асоснок кардани иқдомоти саркӯбгаронаи хеш алайҳи мусалмонон баҳси вуҷуди гурӯҳҳои ифротиро матраҳ мекунанд", - меафзояд ӯ.

Аз дидгоҳ ӯ, Ислом барои низомҳои дунявӣ ба унвони хатари ҷиддӣ арзёбӣ мешавад ва ҳар навъ интиқод аз вуҷуди фасоди густурдаи молию ришвахорӣ, нокоромадии барномаҳои иқтисодии ҳукумат барои хурӯҷ аз буҳрони иқтисодӣ, коҳиши фақру бекорӣ аз дидгоҳи нухбагони ҳоким таҳдиде алайҳи пояҳои низомҳои дунявӣ маҳсуб мешавад, ки дар чунин ҳол ягона роҳи саркӯб кардани мунтақидон задани иттиҳоми ифротгароии исломӣ ба онон аст.