Дархости Додситонии кулли Тоҷикистон аз СПАД дар бораи "Гурӯҳи 24" ва ҲНИТ
(last modified Fri, 31 Mar 2017 14:10:50 GMT )
Март 31, 2017 19:10 Asia/Dushanbe
  • Шоҳин Талбакзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон
    Шоҳин Талбакзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз кишварҳои узви СПАД даъват кард, ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24”-ро ба рӯйхати ташкилотҳои ифротию тераристӣ шомил кунанд.

Шоҳин Талбакзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон 31-уми март зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, бо вуҷуди он ки ҲНИТ ва “Гуруҳи 24” дар ин кишвар созмонҳои ифротию террористӣ шинохта шудаанд, аммо то ҳол аз ҷониби бархе кишварҳо ба унвони ҳизбу ҳаракати мухолифин  дониста мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои Талбакзода, дар чаҳорчӯби  созишномаҳои имзошуда миёни кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ заминаи ҳуқуқӣ барои террористӣ-экстремистӣ эълон кардани Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва  "Гуруҳи 24" фароҳам аст. Инчунин ба гуфтаи ин намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, бархе созмон ва кишварҳои аврупоӣ аз ин ҳизбу ҳаракатҳо пуштибонӣ карда, онҳоро ҳамчун мухолифини сиёсии Тоҷикистон мешиносанд. Шоҳин Талбакзода афзуд, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар Пулиси байналмилалӣ "таҳти рамзи сурх барои ҷустуҷӯ ва боздошт" қарор дорад, аммо бархе кишварҳои аврупоӣ, ба ҷойи боздошт ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон,  ба ӯ  паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳанд.

Бояд гуфт, Интерпол ё Пулиси байналмилалӣ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ҳанӯз дар моҳи сентябри соли 2016 таҳти пайгард қарор дода буд. Муҳиддин Кабирӣ аз моҳи марти соли 2015 ба ин сӯ дар хориҷ аз Тоҷикистон  ба сар мебарад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон бо раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ бо генерал Абдулҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ ҳамроҳ буданд ва бо назардошти ин 25 узви аршади ин ҳизби мамнӯъ  аз сӯйи додгоҳ ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии ин кишварро созмони ифротию террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Мақомоти тоҷик ин ҳизбро ба даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор медонанд. Инчунин  созмони «Гурӯҳи 24»  соли 2014 бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон як созмони ифротӣ шинохта шуда, фаъолияташ дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълон шуд. Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”  шаби 5 марти соли 2015 дар шаҳри  Истанбули Туркия ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, кушта шуд.