Апрел 09, 2017 16:00 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш дод
    Тоҷикистон содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш дод

Тоҷикистон бо судури ҳудуди ду миллиону 600 ҳазор киловатт соат барқ ба Афғонистон, дар моҳи гузашта мизони содироти барқи тавлидии худро ба ин кишвар афзоиш дод.

Ба иттилои хабаргузории Авесто, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард, мизони содироти барқи ин кишвар ба Афғонистон дар соли 2016 беш аз 138 миллиону 300 ҳазор киловатт соат нисбат ба соли моқабли он афзоиш дорад .

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” пештар ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин кишвар барқи тавлидии худро дар изои ҳар киловатт соат як сент ба Афғонистон мефурӯшад .

Бар асоси ин гузориш, бо дар назар гирифтани масрафи дохилӣ ва ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон, Тоҷикистон қодир аст, дар фасли тобистон панҷ миллиард киловатт соат барқ ба ин кишвар содир кунад .

Тоҷикистон ҳамакнун ба Афғонистону Қирғизистон барқ содир мекунад, аммо бо поён ёфтани сохт хутути ҷадиди интиқоли барқ ба хусус тарҳи CASA-1000, бозори содироти барқи Тоҷикистон густариш хоҳад ёфт .

 

Барчасп