Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар идомаи сиёсати дарҳои боз дар Тоҷикистон
Сафирони тозамансубшудаи панҷ кишвар устуворномаҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.
Ба гузориши сомонаи итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони Афғонистон, Кувайт, Шри-Ланка, ҷумҳурии Мали ва ҷумҳурии Соҳили Оҷ дар Қасри Миллат устуворномаҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.
Раҳмон дар ин маросим оғози фаъолиятҳои дипломатии сафирони тозамансубшудаи ин панҷ кишварро табрик гуфт ва барои онон орзӯи муваффақият кард.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим таъкид кард, ки меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз аст ва дар чорчӯби ин асл Душанбе барои тавсеаи муносиботи дӯстонаву ҳамкории судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон талош ба харҷ хоҳад дод.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, кишвараш дар масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақаӣ бо кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс, Осиё ва Африқо манофеъ ва дидгоҳҳои муштарак дорад.
Вай ибрози итминон кард, ки сафирони тозамансубшуда ва давлатҳояшон барои тавсеаву густариши равобити ҳамаҷониба бо Тоҷикистон талош хоҳанд кард.