Апрел 13, 2017 18:21 Asia/Dushanbe
  • Ширкати чиноӣ қасд  дорад дар кони Покруд 70 млн доллар сармоягузорӣ кунад

Ширкати чиноии «Крисо Ресурсиз Лимитед» қасд дорад барои истихроҷи тилло дар кони Покруд дар Тоҷикистон боз 70 миллион доллари дигар сармоягузорӣ кунад.

Дар ин замина ахиран миёни Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон, ширкати чиноии «Крисо Ресурсиз Лимитед» ва ширкати «Покруд» дар  Душанбе  созишнома имзо шудааст.

Гуфта мешавад то кунун ширкати «Крисо Ресурсиз Лимитед» ҷиҳати истихроҷи тилло дар кони Покруд 180 миллион доллар сармоягузорӣ карда ва тибқи ин созишнома интизор аст барои роҳандозии фаъоляти комили коргоҳи истихроҷ ва поксозии тилло ҳаҷми сармоягузориҳоро то 250 миллон доллар афзоиш диҳад.

Дар чаҳорчуби ин самрмоягузориҳо такмили зерсохтҳои истихроҷи маодин дар кони тилло, фаъолсозии муасири коргоҳи ғанисозии маодин, дар марҳилаи аввал  коркарди 660 ҳаз. тонна ва дар марҳилаи дуюм то 1 миллиону 320 ҳазор тонна дар як сол ва  сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард  ва дигар иншооти  муҳандисӣ дар назар дошта шудааст.

Бояд гуфт, ки истихроҷ тилло дар кони Покруд моҳи июни соли 2016 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шуруъ шуд, ки айи замон дар ин коргоҳ 775 нафар , аз ҷумла  564 тан сокинони маҳалӣ  кор мекунанд. Интизор аст, ки  дар сурати фаъолияти комили ин корхона  шумори коргарони он то ду ҳазор нафар афзоиш хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки Кони тиллои  "Покруд" дар дараи Ромит дар 100 километрии шарқи Душанбе  воқеъ буда ва тибқи пешбинии заминшиносони тоҷик захираи тиллои он ба 136 тона баробар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои истихроҷ ва коркарди маодини ин кон ба ширкати “Покруд” то соли 2030 муҷаввиз дода, гуфта мешавад, ки дар чаҳор соли аввал истихроҷи беш аз 2,5 тонна тилло дар сол  аз ин кон вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиносон дар ҳоли ҳозир Чин аз умдатарин кишварҳои сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар ин замина аз Русия пеш гузаштааст.  

Гуфтанист дар тӯли даҳсолаи ахир Чин дар бунёди роҳҳо ва туннелҳои стратегӣ, бахши энерҷӣ ва коркарди маодин дар Тоҷикистон сармоягузориҳои ҳангуфт кардааст. Аз ҷумла бузургтарин конҳои тиллои Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои чинӣ коркард мешаванд.

Тибқи омори расмӣ айни замон қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳудуди  2 милларду 300 миллон доллар аст, ки наздики 1 милларду 200 миллон доллари он қарзҳои давлати Чин аст.