Мақоми тоҷик: Сафар накардани Зариф ба Тоҷикистон далели сардии равобит нест
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ахбори матраҳ шуда дар бархе расонаҳо бино бар ҳузур наёфтани Муҳаммадҷаводи Зариф дар Тоҷикистон, дар сафари ахири худ ба Осиёи Миёна гуфт, адами ҳузури вай ба маънои сардии равобит нест ва набояд бо ин маврид, равобити хуби Эрон ва Тоҷикистонро хадшадор кард.
Ба гузориши ИРНА, Сайфулло Сафров тасреҳ кард, мавридҳои сурат нагирифтани сафари мақомҳои расмӣ иттифоқ меафтанд ва ин ба маънои халалдор шудани муносибатҳо нест. Вай гуфт, “мумкин барномаҳои ҷаноби вазир дигар шуда бошад. Мо ҳақ надорем, ки саросема дӯстони эронии худро ба муносиботи сард гунаҳкор кунем. Ин гуна нарафтанҳо ба сафарҳои дар нақша буда бисёр мешавад. Бо ҳамин як факт муносиботи хуби Эрону Тоҷикистонро халалдор кардан мумкин нест”.
Вай дар гуфтугӯ бо расонаҳои маҳаллӣ бо баёни ин ки дар урфи дипломатӣ лағви сафарҳо рух медиҳад ва муносибати кишварҳо ҳам наметавонд доим яксон бошад, афзуд, ҳамеша дар муносиботи давлатҳо даврон «фаъолӣ ва камфаъолӣ» вуҷуд дорад ва дар ҳоли ҳозири Тоҷикистон ва Эрон даврони муносиботи «камфаъолӣ» ро аз сар мегузаронанд. Муҳаммадҷаводи Зариф пас аз як сафари давраии чаҳоррӯза ба Гурҷистон, Туркманистон ва Қирғизистон, рӯзи 30 фарвардин ба Теҳрон баргашт.
Баҳроми Қосимӣ- сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон низ аз фишурдагии барномаҳои дохилӣ ва хориҷии Муҳаммадҷаводи Зариф хабардод ва гуфт, барномарезӣ барои сафари раиси дастгоҳи дипломосӣ ба соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, аз ҷумла Тоҷикистон дар дастури кор қарор дорад, дар замон муқтазӣ, ҳатман анҷом мешавад.
Қосимӣ дар посух ба саволи хабарнигори ИРНА дар маврди иллати сафар накардани Зариф ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт, сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон густариши равобит бо ҳамаи ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа, ҳамсоягони шимолӣ аст. Вай афзуд, мақомоти эронӣ ҳам сафарҳои мутааддиде ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз доштаанд, аммо ҳамонтавр, ки медонед фишурдагии барномаҳои дохилӣ ва хориҷии вазири умури хориҷа, ин имкон ва иҷозаро намедиҳд, ки дар сафарҳои минтақаӣ ба ҳамаи кишварҳои он минтақа сафар кунад.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд, барномарезӣ барои сафар ба соири кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон, дар дастури кори доктор Зариф қарор дорад, ки дар замони муқтазӣ ҳатман анҷом мешавад.
Бархе расонаҳои хориҷӣ рӯзи гузашта муддаи шуданд, ки Зариф дар ин сафари давраӣ қарор буд ба Тоҷикистон низ сафар кунад, ки анҷом нашуд. Равобити Теҳрон - Душанбе аз ибтидои истиқлоли кишвари форсизабони Тоҷикистон дар соли 1991 дар ҳоли рушд будааст, ба расмият шинохтани истиқлол Тоҷикистон аз сӯи Эрон, ба унвони аввалин кишвар дар ҷаҳон далеле бар ин муддаост.
Дар ҷараёни нооромиҳои солҳои 1992-1997 Тоҷикистон, Эрон барои рафъи ин нооромиҳо, по пеш гузошт ва мизбонии чандин давр аз музокироти сулҳи тоҷикҳоро бар ӯҳда гирифт ба тавре, ки яке аз тарафҳои аслии музокироти сулҳ ба шумор мерафт. Ҳузури пурранги Эрон дар бозсозии Тоҷикистон, аз ҷумла дар саҳнаҳои иқтисодии ин кишвар ҳам бар равобити танготанги ду кишвар афзудааст.