Апрел 26, 2017 09:12 Asia/Dushanbe
  • Аз нигоҳи рушди тиҷорат  Тоҷикистон дар миёни 190 кишвари ҷаҳон дар мақоми 128-ум қарор дорад.
    Аз нигоҳи рушди тиҷорат Тоҷикистон дар миёни 190 кишвари ҷаҳон дар мақоми 128-ум қарор дорад.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ночиз будани саҳми молии бахши хусусӣ ва монеаҳои гуногун дар роҳи фаъолияти ин бахшро аз мушкилоти бузурги иқтисоди Тоҷикистон медонад.

Ба гузориши сомонаи “Топ.тҷ”, хонум Лилия Брунчик гуфтааст, ки миёнгини сармоягузории молии бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон аз соли 2000 то кунун солона аз панҷ то шаш дарсад аст, ки аз вуҷуди мавонеи бисёр дар фаъолияти ин бахш ҳикоят дорад.

 Гузориши ахири Бонки ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз нигоҳи рушди тиҷорат бахши хусусии Тоҷикистон дар миёни 190 кишвари ҷаҳон дар мақоми 128-ум қарор дорад. Молиёти сангин, мушкили дастрасӣ ба манобеи энержӣ, печидагии созукорҳои дарёфти вом ва эътибороти бонкӣ ва касби иҷозатнома барои сохтусоз аз ҷумлаи мавонеи рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аст.

Хонум Брунчик таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди афроде, ки қасди оғози тиҷорати хусусӣ дар Тоҷикистонро доранд 11.8 аст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо шохиси ночиз мебошад.

Ба гуфтаи намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар аксари кишварҳо бахши хусусӣ манбаи муҳими таъмини нерӯи кори мутахассис аст, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон теъдоди афроде, ки дар бахши хусусӣ фаъолият мекунанд, 13 дарсад аз кулли шаҳрвандони шоғилро ташкил медиҳад.

 Лилия Брунчик гуфтааст, ки тайи 20 соли ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон наздик ба як миллиард доллар кӯмаки молӣ барои барномаҳои фақрзудоӣ, корофаринӣ, беҳбуди кайфияти зиндагии шаҳрвандон ва тарҳҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар ихтисос дода шудааст.

 

Барчасп