Апрел 27, 2017 09:52 Asia/Dushanbe
  • Бунёди Оқохон 60 дарсад аз саҳмияи ширкати “Telia”-ро ба қимати 27 миллиону 700 ҳазор доллар харидорӣ кард.
    Бунёди Оқохон 60 дарсад аз саҳмияи ширкати “Telia”-ро ба қимати 27 миллиону 700 ҳазор доллар харидорӣ кард.

Бунёди Оқохони 4 саҳмияи молии ширкати шведии хадамоти телефони ҳамроҳи “Telia” дар Тоҷикистонро харидорӣ кард.

Ба гузориши сайти ширкати “Telia”, пас аз кашмакашҳои зиёд миёни дафтари ин ширкат дар Душанбе ва Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон бар сари фурӯши саҳми молии ширкати ёдшуда, ахиран Бунёди Оқохон 60 дарсад аз ин саҳмияро ба қимати 27 миллиону 700 ҳазор доллар харидорӣ кард.

 Бар асоси тавофуқе, ки дар соли 2016 баста шуд, 60 дарсади саҳми ин ширкат бояд ба ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи “Tcell”, мутааллиқ ба Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон фурӯхта мешуд, аммо Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон пас аз гузашти 6 моҳ аз ин тавофуқ, бо ин муомила эъломи мухолифат кард ва онро беэътибор хонд.

Муомилаи фурӯши саҳмияи молии ширкати шведии Хадамоти телефони ҳамроҳи “Telia” ба Бунёди Оқохони 4 дар Тоҷикистон, дар пайи сафари ахири хонум Заҳро Оқохон, духтар пешвои Исмоилиён ба ин кишвар имконпазир шуд. Вай барои ошноӣ бо раванди иҷрои тарҳҳои Бунёди Оқохони 4, барои сафари 3- рӯза ба Тоҷикистон омадааст.

 Бар асоси ин гузориш, қаблан қимати фурӯши саҳмияи молии ширкати телефони ҳамроҳи “Telia” ба Бунёди Оқохон 39 миллион доллар эълом шуда буд.

Эмил Нелсон, мудири ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи “Telia” дар Душанбе гуфта буд, ки дар пайи ёфтани роҳҳои дигаре барои муомила бо Бунёди Оқохон ва хуруҷ аз Тоҷикистон аст.

Ширкати “Telia”  қаблан ҳам аз боло будани молиёт дар Тоҷикистон шикоят карда ва мақомоти Кумитаи давлатии андози Душанбе ин ширкатро ба ҷурми фирор аз пардохти молиёт 20 миллион доллар ҷарима карда буданд.