Хабарҳои таъйиднашуда аз дороиҳои мақоми боздоштшудаи тоҷик
Сомонаи “Ахбор”, ки тайи рӯзҳои ахир ба ифшогарӣ аз парвандаи пурсарусадои 9 корманди боздоштшудаи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мепардозад, мизони дороиҳои Фирӯз Холмуродзода, яке аз ин мақомотро эълом кард.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, манобеи ин ожонс бидуни ифшои номи худ мизони дороиҳои Холмуродзодаро 31 манзили маскунӣ дар шаҳри Душанбе ду хонаи вилоӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, як кох дар ноҳияи Варзоб, як манзили маскунӣ дар Австрия, 6 кило тилло ва 1 миллиону 300 ҳазор доллар пули нақд ном бурдаанд.
Бар асоси ин гузориш, Фирӯз Холмуродзода, мудири идораи таҳқиқ ва бозраси Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ҳангоми дарёфти 120 ҳазор доллар ваҷҳи нақд ба унвони ришва аз сӯйи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар боздошт шудааст.
Ҳамчунин аз манзили маскунии вай теъдоде кортҳои банкӣ бо шумораҳисобҳои молӣ дар бонки Австрия ва 9 шиносномаи тақаллубӣ кашфу мусодира шудааст.
Тайи рӯзҳои ахир дар иртибот бо парвандаи пурсару садои кормандони боздоштшудаи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, мақомоти амниятии ин кишвар Фаридун Беназирзода, муовини раиси идораи гумруки шаҳри Хуҷандро дастгир кардаанд, ки қаблан корманди аршади ин ожонс будааст.
Фирӯз Холмуродзода, масъули такмили парвандаи ҷиноии Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ ва раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” аст, ки акнун дар зиндон давраи маҳкумияти 29 -солаи хешро мегузаронад.
Холмуродзода ҳамчунин масъулияти таҳқиқ ва бозҷӯӣ аз амволи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро пас аз мамнуъ шудани фаъолияти ин ҳизб дар соли 2015 бар ӯҳда дошт.