Май 04, 2017 12:53 Asia/Dushanbe
  • Нерӯгоҳи “Норак” ҳудуди 70 дарсад аз кулли  барқи мавриди ниёзи солонаи Тоҷикистонро таъмин мекунад.
    Нерӯгоҳи “Норак” ҳудуди 70 дарсад аз кулли барқи мавриди ниёзи солонаи Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии нерӯгоҳи обии “Норак” дар Тоҷикистон бо тахсиси 225.7 миллион доллар мувофиқат кардааст.

Ба гузориши “Авесто”, ин маблағ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва аз буҷети Анҷумани тавсеаи байналмилалӣ барои пружаи бозсозии нерӯгоҳи обии “Норак” ихтисос ёфта, ки як чаҳоруми он кӯмаки молии бебозгашт ва аз чор се ҳиссаи он вом хоҳад буд.

Ян Питер Уолтерз, намояндаи доими Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, барои тавсеаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, рушди касбу кори пойдор ва беҳбуди кайфияти зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон бояд як манбаи энержии қобили эътимод вуҷуд дошта бошад ва мо ба ин манзур дар тарҳи бозсозии нерӯгоҳи обии “Норак” маблағгузорӣ мекунем”.

Аз аввали бозсозӣ нерӯгоҳи обии “Норак” 350 миллион доллари амрикоӣ баровард шудааст.

Илова бар пуштибонии молии Бонки Ҷаҳонӣ аз ин тарҳ, аз ҷониби Бонки Осиёии сармоягузории зерсохтӣ 60 миллион, Бонки Рушди АвруОсиё 40 миллион ва манобеи дигар 24 миллион барои бозсозии нерӯгоҳи обии “Норак” ихтисос дода хоҳад шуд.

 Дар нерӯгоҳи обии “Норак” бо зарфияти тавлиди беш аз се ҳазор мегаватт барқ, ки ҳудуди 70 дарсад аз кулли барқи мавриди ниёзи солонаи Тоҷикистонро таъмин мекунад, аз замони роҳандозӣ дар соли 1972 то кунун таъмиру бозсозии ҷиддӣ анҷом нашудааст ва ин нерӯгоҳ ҳамакнун танҳо бо 77 дарсад аз зарфияти худ кор мекунад.