Ҷовид Муқим: Дурнамои озодии баён аз вазъи амниятию сиёсии кишвар вобаста аст
(last modified Fri, 05 May 2017 14:26:35 GMT )
Май 05, 2017 19:26 Asia/Dushanbe
  • Ҷовид Муқим: Дурнамои озодии баён аз вазъи амниятию сиёсии кишвар вобаста аст

Қазияи пурсарусадои боздошти кормандони баланпояи ожонси зидди фасоди Тоҷикистон, вазъи озодии баён дар ин кишвар ва рақобатҳо дар бозори бонкии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Рузномаи “Имрӯз нюз” дар ду шумораи ин ҳафтаи хеш мавзӯи боздоштҳо дар Ожонси зидди фасодро дар саҳфаи аввали хеш матраҳ кардааст. Рӯзномаи мазкур дар саҳфаи аввали хеш бо нашри матлабе навиштааст, ки ду мансабдори боздоштшудаи ожонси зидди фасод ба маҳалли кори хеш баргааштанд. Ба навиштаи ин рузнома, ду мансабдори ожонси мубориза бо фасод  Ҷамолиддин Муҳаммадзода ва Фирдавс Ниёзбадалов, ки қаблан аз боздошти онҳо гузориш шуда буд, ба ҷойи кори хеш баргаштанд.

Ҷамолиддин Муҳаммадзода ва Фирдавс Ниёзбадалов, домоди собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, генерал Амирқул Азимов ва писари муовини собиқи додситони вилояти Суғд Абдуғаффор Ниёзбадалов дар робита ба тафтиши парвандаи мансабдорони баландпояи Ожонси  мубориза бо фасод боздошт шуда буданд. Худи Муҳаммадзода ва Ниёзбадалов дар суҳбат бо хабарнигори "Азия Плюс” аз шарҳи боздошту озодиашон худдорӣ карда гуфтаанд, ҳамчун корманди давлатӣ ҳаққи шарҳ доданро надоранд. Нашрия менависад, ки қаблан расонаҳо дар бораи боздошти дастикам 17 мақоми баландпояи ин агентӣ ва аз кор барканор шудани ҳудуди 40 корманди он гузоришҳо нашр карда буданд. Гуфта мешуд, ки ин афрод дар ҷараёни як амалиёти густардаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон  бо иттиҳомоте, чун қаллобӣ, сохтакории аснод ва сӯиистифода аз мансаб боздошт шуда буданд.

Рӯномаи “Имрӯз нюз” дар матлаби дигаре аз боздошти Фаридун Беназирзода, муовини раиси гумруки шаҳри Хуҷанд рӯзи 1 май хабар додааст. Ба навиштаи ин манбаъ,  боздошти ӯ ба давраи фаъолияташ дар Ожонси зидди фасод  рабт дорад ва дар чорчӯби амалиёти густардаи мақомоти амниятӣ дар ин ниҳод сурат гирифтааст.

Фаридун Беназирзода то ҳафтае пеш раҳбарии раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумрукии Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва ба тозагӣ дар мақоми муовини гумруки шаҳри Хуҷанд ба кор сар карда буд.

Нашрия ёдовар мешавад, ки Фаридун Беназирзода узви гурӯҳе буд, ки моҳи  майи соли 2013 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе соҳибкори маъруф Зайд Саидовро дар дохили ҳавопаймои Франкфурт- Душанбе боздошт кард.

Дар соли 2014 Беназирзода он замон  раҳбарии шуъбаи мубориза бо фасод ва ҷиноятҳои иқтисодии раёсати ин ниҳод  дар шаҳри Душанбе бо фармони президент бо медали "Ҷасорат” қадрдонӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки то кунун ягон ниҳоди интизомии Тоҷикистон расман боздошти кормандони Ожонси зидди фасодро тайид накардааст. Ҳамчунин нашрияҳои “СССР” ва “Самак” дар саҳфаи аввали хеш  матолибе дар ин замина таҳти унвони “Шурӯи шикори бузург дар Тоҷикистон” ва “Поккорӣ дар фасод” ҷо кардаанд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлабе мавзӯи озодии баён дар ин кишварро матраҳ карда, рӯзноманигори ин ҳафтанома аз сӯистифода  аз озодии сухан ҳушдор додааст. Ба навиштаи муаллиф,  барои пайдо кардани  посух ба суоли “Оё матбуоти озод, воқеан ҳам, вуҷуд дорад?”, бояд ба истилоҳ фармоишгари ин озодиро пайдо кард. Дар ин матлаб муаллиф ба  маъракаи интихоботии ахири Амрико мавзеъгирии расонаҳо зидди Трамп ишора карда, афзудааст, ки дар Тоҷикистон низ дар гузашта як муддат нашрияҳои мустақил  ба гурӯҳҳои салафӣ минбар доданд ва қариб буд, ки ҷомеаи динии кишвар ба ду гурӯҳи мухолиф  ҷудо шавад. Ба хулосаи муаллиф, барои он ки озодии баён, воқеан ҳам, амалӣ гардад, бояд нашрия, садою симо ва сомонаҳо манбаи беғарази сармоягузорӣ  дошта бошанд, ки ин ҳанӯз орзуе беш нест.

Ҳафтаномаи “Озодагон” аз коршиносон суол кардааст, ки дурнамои озодии баён дар Тоҷикистон чист?

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик гуфтааст, ки вазъи озодии баён мисли ҳама дигар озодиҳо ба вазъи умумии сиёсии кишвар бастагӣ дорад. Яъне агар кишвар сиёсати дохилиашро сӯйи худкомагӣ  равон мекунад, пас, озодиҳо маҳдуд мешаванд. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон сӯйи яккаҳокимиятӣ меравад, пас, “мо бояд интизор шавем, ки озодиҳо рӯз ба рӯз маҳдуд хоҳанд шуд, аз ҷумла озодии баён”. Мухтор Боқизода, коршиноси умури расонаҳо таъкид кардааст, ки дар ин раванд дурнаморо намебинад ва озодии баён рӯз то рӯз рӯ ба таназул меорад.  Дар баробари ин ба гуфтаи  Ҷовид Муқим, устоди  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дурнамои озодии баён аз вазъи амниятию сиёсии кишвар бастагӣ  ва инро ҳеҷ кас пешгӯӣ карда наметавонад ва айни замон худсонсурӣ дар расонаҳои Тоҷикистон  аз ҳар вақти дигар бештар шудааст. Аз сӯйи дигар  Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба ин назар аст, ки  дурнамои озодии баён дар кишвараш хуб нест, зеро омилҳои зиёди иқтисодию сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ солҳои охир домангири расонаҳои мустақил ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ,  агар Ҳукумати Тоҷикистон як барномаи мушаххас барои муҳайё намудани шароити мусоиди рушди гуногунандешӣ дар ҷомеа ва кӯмаки молӣ ба расонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон рӯйи даст нагирад, аз миён рафтани расонаҳои мустақил, ба унвони сарчашмаи алтернативии ахбор эҳтимол дорад. Инчунин Қаҳрамон Бақозода, раиси Маркази назарсанҷии “Зеркало” таъкид кардааст, намояндагони сохторҳои давлатӣ борҳо таъкид кардаанд, ки ҷомеаи мо барои озодии сухан омода  нест ва бояд дар ин масъала эҳтиёткорона рафтор кард.

Вай афзудааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд оқилона ва бо назардошти вазъи ҷомеа бо сохторҳои давлатӣ муколама роҳандозӣ  карда, барои беҳтар кардани вазъият иқдом кунад.

Ҳафтаномаи русизабони чопи Душанбе «Азия–плюс» дар матлаби таҳлилие вазъи бозори бонкии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки бонкҳои бузургтарини Тоҷикистон - «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ба гумон аст, ки дар ояндаи наздик «қомат рост» кунанд,  зеро  ба ин бонкҳо барои барқарор намудани дороиҳои аз дастрафта  вақти зиёд зарур  буда, гузашта аз ин баргардонидани эътимоди мардум душвортар хоҳад буд.  Аз сӯйи дигар ду  бонки Тоҷикистон - «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон шуда, дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд. Ин дар ҳолест, ки ба навишати муаллиф,  дар гузаштаи начандон дур - «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» қариб нисфи бозори бонкиии кишварро дар даст доштанд. Аз ҷумла,  тибқи  натиҷаҳои соли 2015 ин ду бонк дар миёни бонкҳои Тоҷикистон нахустин шуда,  ҳатто ба рӯйхати 200 бонки беҳтарини паҳнои ИДМ шомил гардида буданд.

Ба навиштаи ҳафтанома, то  1 январи соли 2016 ҳаҷми дороиҳои «Агроинвестбонк» - 550 млн. доллар, 21%-и тамоми дороиҳои низоми бонкии Тоҷикистон ва «Тоҷиксодиротбонк» - 530 млн. доллар, наздики 20%-и тамоми дороиҳои низоми бонкии Тоҷикистон арзёбӣ мешуданд. Аммо бо гузашти ҳамагӣ ду сол ин бонкҳо дар ҳоли муфлисшавӣ қарор гирифтанд… ва мавқеъҳои холишуда дар бозори хизматрасониҳои бонкиро фаъолона ба истилоҳ «навкорон»-и наздик ба ҳукуматдорони кишвар ишғол мекунанд… Аз сӯи дигар таъкид мешавад, ки бо назардошти буҳрони молии «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» айни замон дар бозори бонкии Тоҷикистон бо назардошти ҳаҷми дороиҳо «Ориёнбонк» мақоми аввалро дорад.

Гуфта мешавад, яке аз омилҳои суботи молии «Ориёнбонк» ин аст, ки бузургтарин ширкатҳои давлатӣ, ширкати тавлиди алюминиум,  ТалКо, РОТ ва ширкати «Барқи Тоҷик» аз ҷумлаи муштариёни «Ориёнбонк» ҳастанд.