Замони оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон тағйир намекунад
Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтаанд, ки солҳои наздик замони оғози соли таҳсилии ҷадид, дар мактабҳо ва донишгоҳҳои ин кишвар тағйир нахоҳад кард.
Ба гузориши сойти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ин вазорат қасди тағйири замони оғози соли таҳсилии ҷадид дар ин кишварро аз аввали моҳи сентябр ба аввали моҳи август надорад ва ин мавзуъ ба баррасии бештаре ниёзманд мебошад.
Ба гуфтаи Абдулҷаббор Алиев, мудири Идораи омӯзиши мутавасситаи ин вазорат ахиран эълом кард, ки ин тарҳ ниёз ба баррасии бештаре дорад ва дар солҳои наздик амалӣ нахоҳад шуд.
Қаблан Шарифмурод Исрофилниё -мудири пажӯҳишгоҳи рушди улуми вобаста ба Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфта буд, ки ин вазоратхона тарҳеро барои оғози соли таҳсилӣ, аз аввали моҳи август ироа карда, ки ҳамакнун дар ҳоли баррасӣ аст. Исрофилниё муътақид буд, ки тағйири замони оғози соли таҳсилии ҷадид, як моҳ қаблтар ин имконро фароҳам мекунад, ки донишомӯзон соли охири мадорис барои омодагии ширкат дар озмуни вурудии донишгоҳҳо, замон бештаре дар ихтиёр дошта бошанд. Ба гуфта вай, замистони сард ва тӯлонӣ дар Тоҷикистон сабаб шудааст, ки рӯзҳои таътилии донишомӯзон дар бархе солҳо афзоиш ёбад, ки ин мавзӯ бар раванди рушди таҳсилии онон таъсири манфӣ мегузорад.