Раисҷумҳури Доғистон ба Тоҷикистон сафар мекунад
Май 08, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз сафари 3 рӯзаи раисҷумҳури Доғистон ба ин кишвар хабар дод.
Ба иттилои хабаргузории Форс, Рамазон Абдуллаттифов, раисҷумҳури Доғистон барои сафаре 3 рӯза аз даҳуми май ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар хоҳад кард .
Дафтари матбуотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҷузъиёте дар мавриди ҳадафи сафар ва мавзуоти гуфтугӯи раисҷумҳури Доғистон бо мақомоти Тоҷикистон ироа накардааст.
Рамазон Абдуллаттифов аз 23 майи соли 2005 то 6 марти соли 2009 сафири Русия дар Душанбе буд ва дар замони вай танишҳои лафзии байни Тоҷикистону Русия дар мавриди сохти нерӯгоҳи Роғун афзоиш ёфт .