Боздошти 42 нафар ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз
Нерӯи марзбонии Тоҷикистон дар моҳи апрел 42 нафарро ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар ва ҳамли 72 кило анвои маводи мухаддир боздошт кардааст.
Ба гузориши сомонаи Нерӯи марзбонии Тоҷикистон, дар нишасти ироаи фаъолиятҳои ин ниҳод дар апрел дар Душанбе таъкид шуд, барои муқобила бо гурӯҳҳои ҷиноӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи ин кишвар бо Афғонистон 7 амалиёти муштарак бо нерӯҳои низомӣ ва интизомии ин ҷумҳурӣ анҷом шудааст. Дар пайи ин иқдомот, тайи моҳи апрел 42 нафар ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар боздошт шудаанд, ки аз ин теъдод аз 22 нафарашон 72 кило анвои маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст.
Бар асоси ин гузориш, тайи моҳи апрел дар ҷараёни муқобила бо гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир 3 қабза аслиҳа, 171 адад тир (фишанг) ва маводи мунфаҷира ва 1 адад норинҷак кашф шудааст.
Фармондеҳии Нерӯи марзбонии Тоҷикистон, вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар эълом кардааст, ки тайи моҳи апрел 32 мавриди талош барои убури ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар сабт шудааст, ки марзбонон бо ин иқдомот муқобила кардаанд.