Баррасии шикояти модари сарбози мақтул дар Додгоҳи олии Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон ёздаҳуми май шикояти модари Ҷаҳонгир Қурбонов, сарбози кушташудаи Нерӯи марзбонии ин кишварро дар бораи ҳукми Додгоҳи низомии Душанбе баррасӣ мекунад.
Ба гузориши сомонаи созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва муқобила бо шиканҷа дар Тоҷикистон, Рухсора Ҷӯраева, модари Ҷаҳонгир Қурбонов иллати шикояти худ ба Додгоҳи олии ин кишварро ҳукми сабуки Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе алайҳи летенант Ёрибек Саидов, фармондеҳи воҳиди марзбонии маҳалли хидмати писараш унвон кардааст.
Дар пайи марги Ҷаҳонгир Қурбонов Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе летенант Ёрибек Саидов, фармондеҳи воҳиди марзбонии маҳалли хидмати вайро моҳи марти имсол ба иттиҳоми сӯиистифода аз мақом ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Бо ин ҳол волидайни ин сарбози мақтул муддаиянд, ки дар бадани писаршон осори шиканҷаро мушоҳида кардаанду фармондеҳи ин воҳиди низомӣ бояд ба муҷозоти шадидтаре маҳкум шавад.
Қаблан мақомоти марзбонии Тоҷикистон иллати марги сарбоз Ҷаҳонгир Қурбоновро худкушӣ унвон карда буданд.
Дар ҳукми Додгоҳи низомии Душанбе таъкид шудааст, ки летенант Ёрибек Саидов, фармондеҳи воҳиди марзбонии маҳалли хидмати Ҷаҳонгир Қурбонов дар пайи гум шудани амволи низомӣ, вай ва яке аз сарбозони ҳамхидматашро муттаҳам ва таҳдид кардааст, ки зиёни воридаро пардохт кунанд, дар ғайри ин сурат ба додгоҳи низомӣ муаррифӣ хоҳанд шуд, ки ин фишорҳо ба худкушии Ҷаҳонгир Қурбонов мунҷар шудааст.
Созмони ғайридавлатии Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва муқобила бо шиканҷа дар Тоҷикистон аз зарбу шатму хушунат алайҳи 59 сарбози артиши ин кишвар дар се соли ахир хабар додааст.
Ба гузориши ин созмон, бар асари ин ҳаводис 11 сарбоз ҷони худро аз даст додаанд.
Коршиносон вуҷуди бадрафториву хушунат ва набуди фазои ахлоқии солим дар артиши Тоҷикистонро омили умдаи фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар унвон мекунанд.