Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳурии Доғистон
(last modified Thu, 11 May 2017 05:59:50 GMT )
Май 11, 2017 10:59 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳурии Доғистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рамазон Абдулатифов, раиси ҷумҳурии минтақаи худмухтори Доғистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор, ки асри дирӯз дар шаҳри Душанбе анҷом шуд, ду тараф ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ва рушди ҳамкориҳои минтақаиро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин гуфтугӯ нақши Рамазон Абдулатифовро дар таҳкиму тавсеаи муносиботи роҳбурдии ду кишвар мусбат арзёбӣ кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар густариши равобити тиҷорӣ, иқтсодӣ ва фарҳангии ду кишвар гуфт, Русия ба унвони шарики роҳбурдӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мавқеияти хосе дорад ва 30 дарсад аз саҳми гардиши молии ин кишварро таъмин мекунад.

Дар ин мулоқот ба ҷониби доғистонӣ пешниҳод шуд то дар таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои фарҳангу маориф, табодули омӯзгорони русзабон, дастрасӣ ба адабиёти омӯзишӣ, гардишгарӣ ва рушди туризм дар Тоҷикистон саҳим бошад.

Қарор аст Рамазон Абдулатифов, раиси ҷумҳурии Доғистон имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо раҳбарони вилояти Суғд низ дидор кунад, ки дар ин дидорҳо санадҳои ҳамкорӣ миёни вилояти Суғд ва бархе вилоятҳои Доғистон имзо хоҳад шуд.