Оё ҳамлаҳои киберӣ Тоҷикистонро таҳдид мекунад?
Коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки вируси WannaCry, ки ахиран таъсисот ва таҷҳизоти компютерии беш аз 100 кишвари ҷаҳонро ҳадафи ҳамалоти киберӣ қарор дод, метавонад барои Тоҷикистон низ хатарсоз бошад.
Ба иттилои Toptj, коршиносони тоҷик эълом кардаанд, ки ин вирус ба Тоҷикистон низ расид ва таҷҳизоти ширкати телефони ҳамроҳи русии Мегафонро ҳадафи ҳамалоти киберии хеш қарор дод .
Ин дар ҳолест, ки масъулони ширкати телефони ҳамроҳи Мегафон аз додани ҳар навъ тавзеҳ дар ин замина худдорӣ кардаанд .
Бар асоси ин гузориш, ҳамалоти густардаи киберӣ рӯзи 12 май иттифоқ афтод ва ба далели таътил будани рӯзҳои шанбеву якшанбе дар Тоҷикистон паёмадҳои эҳтимолии ин ҳамалоти киберӣ имрӯз эълом хоҳад шуд .
Коршиносони умури компютер дар Тоҷикистон муътақиданд, ки таҷҳизоти компютерии марокизу созмонҳои давлатӣ дар ин кишвар ҳадафи ҳамалоти киберии ахир қарор гирифтаанд, зеро ин сомонаҳо дорои барномаи майкрософт ҳастанд ва ин барнома дар баробари ҳамалоти киберӣ осебпазир аст .
Ин дар ҳолест, ки озмоишгоҳи амниятии касперскии Русия эълом кард, Русия беш аз ҳар кишвари дигаре ҳадафи ин мавҷи ҳамалот қарор гирифтааст .
Ин марказ таъкид кардааст, ки дар 45 ҳазор мавриди ҳамалоти киберӣ дар 74 кишвар зиёнҳои фаровоне ба таҷҳизоти созмонҳову идорот ворид шудааст .
Аммо намояндагони ширкати амниятии компютерии Avast теъдоди ин ҳамалотро 75 ҳазор маврид дар 99 кишвари ҷаҳон эълом кардаанд .