Май 15, 2017 13:41 Asia/Dushanbe
  • Воҳидова моҷарои боздошташро додгоҳӣ мекунад

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, боздошташ дар марз ғайриқонунӣ буда, баъди муайян кардани ҷузъиёти қазия баҳсро дар додгоҳ идома хоҳад дод.

Ба иттилои “Озодагон”, Воҳидова, ки барои иштирок дар ҷанозаи як хешаш қасди сафари Қирғизистон доштааст, 14 май дар гузаргоҳи марзии Овчӣ-Қалъача боздошт гардидааст. Ҳуқуқшиноси тоҷик дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст, боздошташ, ки 8 соат идома доштааст, ғайриқонунӣ буд: “Чунки расман аз лиҳози қонун ман боздоштшуда будам, зеро аз се соат зиёд доштан ва мавҷудияти маҳдудият худ боздошт мебошад. Ман озод набудам”.

Ба гуфтаи Воҳидова, сарҳадбонон ба ӯ изҳор доштаанд, ки ҳаққи берун рафтан аз қаламрави Тоҷикистонро надорад ва намояндаи мақомоти амнияти миллӣ ин маҳдудиятро ба мушкил дар шиносномааш рабт додаанд: “Гӯё ранги мӯҳрҳои зиёди убуру мурури марзҳо рафтаасту имкони хонданаш нест”-изҳор доштааст Воҳидова.

Ҳуқуқшиноси тоҷик таъкид кардааст, ки шиносномааш нав мебошад ва аз сӯи Вазорати умури дохилӣ дода шудааст: “Идомаи баҳс акнун байни ВКД ва РКДАМ сурат хоҳад гирифт. Баъди ин идомаи баҳс дар додгоҳ. Ҳар кадоме аз ин мақомот ҳақ мебароянд, аз онҳо ва ҳуқуқи худам дифоъ хоҳам кард”.

 

Барчасп