Раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ҳисоботдиҳанда дар назди раисҷумҳуранд
(last modified Fri, 19 May 2017 04:33:14 GMT )
Май 19, 2017 09:33 Asia/Dushanbe
  • Раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ҳисоботдиҳанда дар назди раисҷумҳуранд

Рӯзи 18 майи Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро ислоҳ кард.

Ба навиштаи сойти Озодагон, бар асоси ислоҳоти воридшуда дар қонун, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз ин пас намояндаи раисҷумҳур дар маҳаллҳо нахоҳанд буд, балки дар баробари вай посухгӯ хоҳанд шуд. Бино ба ин ислоҳот, ин раҳбарон муваззаф мешаванд, намояндагони маҷлисҳоро фаврӣ ба ҳузур бипазиранд ва суолҳояшонро посух бидиҳанд.

Ҳамчунин Муҳаммадюсуф Саидалӣ, узви Маҷлиси миллӣ дар ин робита изҳор дошт, ки тағийротҳо ба ин қонун асосан ба бартарафсозии ихтилофоти қонунгузорӣ ва таҳрирӣ дахл дошта, номутобиқатии меъёрҳои ҷойдоштаро аз байн мебарад.