Май 20, 2017 11:11 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳодҳои 5 ширкати хориҷӣ барои мушорикат дар муноқисаи КАСА-1000

Панҷ ширкати тавлиди таҷҳизоти барқӣ пешниҳодҳои худро барои мушорикат дар муноқисаи тарҳи КАСА-1000 ироа кардаанд.

Ба гузориши вебсайти расмии тарҳи КАСА-1000, панҷ ширкати машҳури тавлиди таҷҳизоти барқ, аз ҷумла “Сименс” ва “Алстом” пешниҳодоти худро барои сохти таъсисоти зербиноии истгоҳҳои барқи фишорқавӣ ва насбу роҳандозии хутути интиқоли барқ дар ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ироа кардаанд.

Пеш аз ин чандин бор таърихи ироаи барномаҳои корбурдӣ барои насб ва роҳандозии хутути барқ ва истгоҳҳои барқи фишорқави дар тарҳи КАСА -1000 ба таъхир афтода буд.

Дар чорчӯби ин тарҳ, истгоҳҳои барқи фишорқавӣ аз минтақаи Додхоҳи Қирғизистон то Хуҷанд ва марзи Тоҷикистон ва Афғонистон то Навшаҳри Покистон сохта мешавад.

 Бар асоси охирин барномарезӣ, дар даҳаи дувуми моҳи май муҳлати тамдидшудаи ширкатҳои хориҷӣ барои ироаи пешниҳодҳои худ дар сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ ба поён расидааст.

Иҷрои тарҳи КАСА-1000 иҷоза хоҳад дод , ки Тоҷикистон ва Қирғизистон солона 1300 мегаватт барқи изофии худро ба Афғонистон ва Покистон содир кунанд.

Ҳамчунин ин тарҳ заминаи тиҷорати барқ ва эҷоди як бозори барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиёро фароҳам хоҳад кард.