Таҷлил аз зодрӯзи шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ
Дар ҳаёти фарҳангии мардуми Тоҷикистон моҳи ҷориро метавон ба унвони моҳи шоиру нависандагон ном бурд, зеро дар ин моҳ аҳли илму адаб аз намояндагони барҷастаи абадиёти клосик ва муосири форсу тоҷик ёд мекунанд.
Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 20 май аз зодрӯзи шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ таҷлил мешавад ва маросими имсола сари мазори ин шоири зиндаёд дар оромгоҳи Лучоб баргузор шуд.
Дар ин маросим ҷамъе аз адабиётшиносон, шоирону нависандагон, донишомузон ва масъулини сафорати ҶИИрон дар Тоҷикистон ширкат ва суханрони карда, дӯстдорони шеъри Лоиқ намунае аз ашъори ӯро қироат карданд.
Муртазо Зайниддинов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, ки Лоиқ Шералӣ ҳамеша дасту дили боз дошта, доимо дар ҳалқаи дӯстон буд ва ҷудоиро намепазируфт.
Вай афзуд, ки Лоиқ Шералӣ натанҳо ифтихори мардуми Тоҷикистон, балки намояндаи барҷастаи шеъру адабиёти тамоми форсизабонои ҷаҳон аст.
Дар баробари ин Ҳақназар Ғоиб шоири мардумии Тоҷикистон бо ишора ба осори ғании Лоиқ Шералӣ таъкид кард, ки дар замони Сомониён Рӯдакӣ ба як насли бузург мерос гузошт ва дар замони муосир ин корро Лоиқи бузург анҷом дод.
Аз сӯи дигар Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ, шоири эронӣ ва узви анҷумани байналмилали форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”, аз Лоиқ Шералӣ ба унвони шоири ваҳдатсаро, инсонгаро ва адолатхоҳ ном бурд. Ҳуҷатулло Фағонӣ сафири ҶИИрон дар Тоҷикистон зимни суханронии хеш Лоиқ Шералиро аз ҷумлаи бузургтарин шоирони ҳавзаи форсизабонон дониста гуфт, ки Лоиқ бо ашъори хеш дар эъҷоди ваҳдат миёни кишварҳои форсизабонон саҳми муасир гузоштааст.
Ҳамчунин дар ин маросим донишомузони мадорис ва донишгоҳҳо намунае аз ашъори Лоиқ Шералиро ба ҳозирин бо як лаҳни пурҳарорат ва дилнишин қироат карданд.
Гуфтанист Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст.
Соли 1965, ҳамагӣ дар синни 24-солагӣ, ба ишони шеъри маъруфи “Ба модарам”, бо ҳимояти бевоситаи устод Мирзо Турсунзода ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Лоиқ Шералӣ аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд. Ӯ 30 июни соли 2000 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Аввалин гулчини ашъори Лоиқ Шералӣ бо номи "Сари сабз" соли 1966, бо таҳриру раҳнамойӣ Сотим Улуғзода аз чоп баромадааст. Баъдан ашъори Лоиқ мунтазам дар матбуот, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳое бо номи "Илҳом", "Нӯшбод" , "Соҳилҳо", "Ташнадил (ба хати форсӣ), "Хоки Ватан", "Резаборон", "Марди роҳ", "Варақи санг", "Хонаи чашм", "Рӯзи сафед", "Хонаи дил", "Офтобборон", "Дасти дуои модар" , "Ҷоми саршор", "Ману дарё", "Аввалу охири ишқ", "Дасти дуои модар", "Фарёди бефарёдрас" "Рӯҳи Рахш", "Девони дил", "Девони пирӣ", "Девони замон" ва "Илҳом аз "Шоҳнома" ба дасти чоп расидаанд.