Май 25, 2017 13:03 Asia/Dushanbe
  • Такзиби кашфи миллионҳо доллар аз хонаҳои мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон

Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон зимни таъйиди боздошти теъдоде аз масъулони собиқи ин ниҳод, кашфи миллионҳо доллар аз хонаҳои боздоштшудагонро рад кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Сулаймон Султонзода, раиси Ожонси мубориза бо фасоду ришвахории Тоҷикистон дар посухи расмӣ ба расонаҳо, ташкили парвандаҳои ҷиноӣ ва боздошти чанд нафар аз кормандони ин ожонсро таъйид кардааст.

Султонзода ҳамчунин гузоришҳои мунташиршуда дар бораи кашфи маблағҳои калон дар бозрасии хонаҳои ин афродро рад кардаву ба хотири ҷилавгирӣ аз эҷоди халал дар раванди таҳқиқот дар парвандаҳои ҷиноӣ, аз ироаи итилои бештар дар ин маврид худдорӣ кардааст.

Ин нахустин посухи расмии Ожонси мубориза бо фасоду ришвахории Тоҷикистон дар мавриди парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи масъулону коркунони баландпояи ин ниҳод аст, ки пас аз гузашти беш аз як моҳ аз барканорӣ ва боздошти ин афрод эълом шудааст.

Пеш аз ин манобеи мухталифи хабарӣ аз кашфи миллионҳо доллар дар бозрасӣ аз хонаҳои бархе мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дода буданд.

 

Барчасп