Май 26, 2017 20:53 Asia/Dushanbe
  • Табрики Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани моҳи Рамазон дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон фаро расидани моҳи мубораки Рамазонро ба мардуми кишвараш табрик гуфт.

Ба гузориши сомонаи иттилоърасонии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми телевизионӣ моҳи мубораки Рамазонро фурсате барои худсозӣ ва баҳрамандӣ аз фазилатҳои ин айём, аз ҷумла сабру таҳаммул, некию накӯкорӣ, раҳму шафақат ба афроди фақиру мустаманд, бахшиши гуноҳон ва анҷоми аъмоли хайру писандида унвон кард. Ӯ таъкид кард, моҳи мубораки Рамазон даврони пирӯзии инсони парҳезгор бар нафси хеш ва парҳез аз аъмоли зишт аст ва рӯҳияи сабру шикебоии инсони муъминро дар баробари сахтиҳою хостаҳои нафсонӣ тақвият мекунад. Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон, моҳи мубораки Рамазон ин фурсатро фароҳам мекунад, ки инсонҳои муъмин дар фикри расидагӣ ба ҳоли ҳамнавъони ниёзманди хеш бошанд ва садақаи фитрро ба ятимону маълулон ва афроди фақир ҳадя кунанд.

Раҳмон дар поёни паёми худ бо табрики фарорасии моҳи Рамазон ба ҳама мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ ва саломатӣ, зиндагӣ хуб ва файзу баракатро барои ҳамаи тоҷикҳо орзу кард.

Бар асоси эъломи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, рӯзи шанбе, 27-уми  май оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон аст.

 

Барчасп