Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Душанбе
(last modified Sat, 27 May 2017 07:58:21 GMT )
Май 27, 2017 12:58 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Душанбе

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо шайх Абдуллоҳ бин Зойд Оли Наҳён, вазири хориҷаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки барои сафаре расмӣ ва якрӯза вориди Душанбе шуда буд, дидор кард.

Ба гузориши сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин дидор ду тараф тавсеаи равобити Тоҷикистону Иморотро дар натиҷаи иҷрои тавофуқоте, ки дар сафари расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар дар марти соли 2016 ба даст омадааст, баррасӣ карданд.

Сироҷиддин Аслов ва шайх Абдуллоҳ бин Зойд Оли Наҳён бо ибрози алоқа ба идомаи гуфтугӯҳои созанда байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар, бар густаришу тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар заминаҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, омӯзишу парвариш, сармоягузорӣ, гардишгарӣ ва муборизаи муштарак алайҳи таҳдидоту чолишҳои амниятии минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид карданд.

Дар ин нишаст ҳамчунин дар мавриди ҳамкориҳои бештари ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар сурат гирифт.