Истиқрори оташборҳои ҷадиди Русия дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17828-Истиқрори_оташборҳои_ҷадиди_Русия_дар_Тоҷикистон
Русия бо ҳадафи афзоиши тавони размӣ, оташборҳои ҷадиди худро дар пойгоҳи низомии ин кишвар, дар Тоҷикистон мустақар кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 27, 2017 11:23 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори оташборҳои ҷадиди Русия дар Тоҷикистон

Русия бо ҳадафи афзоиши тавони размӣ, оташборҳои ҷадиди худро дар пойгоҳи низомии ин кишвар, дар Тоҷикистон мустақар кард.

    Ба гузориши ИРНА, генерал Владимир Заруднитский- фармондеҳи нерӯҳои низомии минтақаи марказии Русия эълом кард, бо истиқрори сомонаи оташбори пешрафта аз навъи “Ураган”- дар пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон, тавони низомии ин кишвар барои рӯёрӯӣ бо аҳдофи ҳавоӣ бавижа дар манотиқи кӯҳистонӣ афзоиш ёфтааст.

   Генерал Заруднитский гуфт, истиқрори ин атшборҳо дар Тоҷикистон, тавофуқномаҳои байналмилалиро нақз намекунад.

   Оташборҳои 220 милиметрии “Ураган”, аз пешрафтатарин сомонаҳои ҳадафгирӣ бо бурди 35 километр ҳатто дар шароити душвор, аз ҷумла кӯҳистонӣ метавонад мавриди истифода қарор гирад.

  Пойгоҳи низомии 201 Русия бо ҳафт ҳазор низомӣ, наздики шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кулоб қарор дорад. Кумак ба навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон, мусоидати Маскав ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва муофияти гумрукии содироти маводи сӯхтӣ, аз ҷумлаи барномаҳои Маскав ба Душанбе, дар муқобили тамдиди тавофуқномаи идомаи фаъолияти пойгоҳи 201 то соли 2042 мелодӣ аст.