Роҳи Тоҷикистон - Қирғизистон боз шуд
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, аз бозгушоии роҳи ин кишвар бо Қирғизистон хабар доданд.
Ба гузориши сойти “Озодагон”, роҳи байналмилалии Тоҷикистон – Қирғизистон рӯзи 28 май дар пайи сел ва фаромадани тарма, баста шуда буд.
Умеда Юсупова- сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфтааст, ки рӯзи гузашта, соати ҳафти субҳ бар асари гармои шадид ва об шудани барфи кӯҳҳои атроф ва низ фаромадани тарма, рӯдхонаи Сугат дар ноҳияи Лахш туғён кард, ки бар асари он 150-200 метр аз шоҳроҳи Душанбе- Лахш тахриб шуд ва ба зери об рафт ва вурудии рӯдхонаи Сурхоб баста шуд.
Юсупова афзуд, дар пайи вуқӯъи ин ҳодиса, масъулон дар маҳал ҳозир шуданд ва осебҳои ношӣ аз ин селро бартараф ва ҷодаро бозгушоӣ карданд.
Ин ҳодиса, талафоти ҷонӣ ва молӣ надоштааст.
Ба гуфтаи Юсупова дар ҳоли ҳозир, сатҳи оби рӯдхонаи Сугат ба ҳолати қабл бозгашта ва маҷрои рӯдхонаи Сурхоб низ боз аст.