Оғози музокироти марзии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i18010-Оғози_музокироти_марзии_Тоҷикистон_ва_Узбакистон_дар_Душанбе
Мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Узбакистон барои аломатгузории марзи муштараки ду кишвар музокироти худро дар шаҳри Душанбе оғоз карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 31, 2017 08:50 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокироти марзии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе

Мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Узбакистон барои аломатгузории марзи муштараки ду кишвар музокироти худро дар шаҳри Душанбе оғоз карданд.

Ба гузориши “Спутник”, дар ин давр аз гуфтугӯҳои ҳайатҳои сиёсии Душанбе ва Тошканд, ки таҳти сарпарастии Муҳаммадшарифи Ҳақдод, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Илҳом Неъматов, сафири фавқуллодаи Вазорати хориҷаи Узбакистон оғоз шудааст, бар сари наҳваи поён додан ба ихтилофоти дуҷониба барои аломатгузории ҳазору 333 километр марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя баҳсу табодули назар хоҳад шуд. Ин музокирот ду рӯз ба тӯл хоҳад анҷомид.

Қаблан манобеи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом карда буданд, ки дар беш аз ду даҳаи музокироти ду кишвар, 84 дарсади манотиқи марзӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон аломатгузорӣ шуда ва тавофуқномаи он низ ба тасвиби парлумонҳои ин ду ҷумҳурӣ расидааст.

Бо ин ҳол ихтилофи назари тарафҳо бар сари 16 дарсад аз марзи муштарак дар қаламрави вилояти Суғд ҳамчунон боқӣ мондааст.

Мақомотт Узбакистон муддаӣ ҳастанд, ки бахше аз қаламравт Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Спитамон дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон мутааллиқ ба ин кишвар аст.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо радди ин иддао таъкид кардааст, нерӯгоҳи обии “Фарҳод” ва заминҳои атрофи он дар даврони Шӯравӣ ба муддати 70 сол ба Узбакистон иҷора дода шуда буд, ки бо поёни муддати иҷора, ин минтақа дубора ба қаламрави Тоҷикистон замима шудааст.

Дар моҳи январи имсол Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон дастури суръат бахшидан дар раванди музокироти ҳайатҳои сиёсӣ ва марзбонии ин кишвар бо Тоҷикистонро барои тавофуқи ниҳоӣ бар сари аломтгузории марзи муштараки ин ду ҷумҳурӣ содир кард, ки бо истиқболи мақомоти Душанбе рӯбарӯ шуд.