Июн 06, 2017 11:21 Asia/Dushanbe
  • Таҳаррукоти Толибон назди марзҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад

Дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти шимоли Кундузи Афғонистон амалиёти шадиди ҷангӣ идома дошта, дар сурати пурқувват нашудани нерӯҳои мавҷуда, ноҳияро Толибон тасарруф карда метавонанд. Дар ин бора ВАО-и Афғонистон бо истинод ба намояндагони ҳукумати маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Ба иттилои Азия-Плюс, “Шаби гузашта мақомоти интизомӣ ба ин ҷо омада, ба баргузор намудани амалиёт оғоз карданд, вале бадбахтона толибон пештар омада, ба маркази ноҳия наздик мешаванд”, гуфтааст тариқи телефон роҳбари ноҳия Имомуддин Қурайшӣ.

Ноҳияи Имом Соҳиб дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, бевосита дар наздикии ноҳияи Панҷи ҷумҳурӣ воқеъ аст.

Аммо сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфтааст, ки сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ аз амалиёти ҷангӣ дар он сӯи дарёи Панҷ воқиф буда, онро доимо мушоҳида доранд.

Ба гуфтаи ӯ, шабонарӯзи гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ягон далели кӯшиши убури марз, ба қаламрави ҷумҳурӣ расидани тиру гулӯлаи аз кишвари ҳамсоя холишуда ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, ки имрӯз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нерӯ ва воситаҳо кофист ва дар робита ба ташаннуҷи вазъ дар Имом Соҳиби кишвари ҳамсоя, барои сафарбар намудани нерӯ ва воситаҳои иловагӣ ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад.

 

 

 

 

Барчасп