Афзоиши сайёҳҳон – тасмими Ҳукумати Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, то соли 2020 шумораи гардишгарони хориҷӣ дар ин кишварро то 1 миллион нафар дар сол афзоиш диҳад.
Мавзӯи рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони ин кишвар зимни баррасии тарҳи Қонун “Дар бораи сайёҳии дохилӣ” матраҳ шуд.
Ризо Назарзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ҳангоми муаррифии тарҳи қонуни мазкур гуфт, ки тибқи барномаҳои давлатӣ, интизор аст, дар се соли оянда саҳми гардишгарӣ дар тавлидоти нохолиси миллӣ ба 5 дарсад баробар шавад. Ба гуфтаи Ризо Назарзода, дар сурати рушди зерсохтҳои гардишгарӣ интизор аст, то соли 2020 аз Тоҷикистон як миллион нафар гардишгар боздид кунад. Назарзода таъкид кард, тарҳи қонуни мазкур маҳз бо ҳадафи фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ, зерсохтҳо ва инчунин ҷалби бештари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон таҳия шудааст. Ӯ афзуд, дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, назири Амрико, Чин, Ҷопон ва Ирландия омӯхта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни баррасии ин мавзӯъ иқдомоти анҷомшуда дар заминаи рушди гардишгарӣ дар ин кишварро нокифоя хонда, аз масъулини давлатӣ тақозо кард, ки фаъолияти хешро дар ин замина дучанд кунанд. Дар баробари ин Қиёмиддин Миралиён, вакили парлумон ва яке аз муаллифони ин тарҳи қонун гуфт, бо назардошти он ки даромад аз бахши сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон баъд аз нафту саноати дорусозӣ дар ҷойи сеюм аст, рушди сайёҳӣ барои пешрафти иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Ба гуфтаи Миралиён, дар тарҳи қонуни мазкур заминаҳои ҳуқуқӣ барои рушди зерсохтҳо ва ҷалби самроягузории хориҷӣ ба ин арсаи иқтисоди миллӣ фароҳам шудааст.
Ҳусниддин Ғафурӣ, коршиноси тоҷик зимни истиқбол аз тасимими ахири мақомот ҷиҳати рушди арсаи гардишгарӣ дар Тоҷикситон гуфт, ки вуруди сайёҳҳони хориҷӣ бар замми суди иқтисодӣ инчунин ҷиҳати муаррифии фарҳанги кишвари мизбон дар ҷаҳон низ мусоидат мекунад.
Тасвиби тарҳи Қонун «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» дар ҳолест, ки ахиран, дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон мавзӯи таъсиси ниҳоди ҷудогонае дар асраи гардишгарӣ мавсум ба Кумитаи рушди сайёҳӣ баррасӣ шуда буд. То ҳол ҳамаи масъалаҳои арсаи гардишгарӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ҳаллу фасл мегардад. Дар баробари ин, ахиран, бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон ба қавонини андозу гумрук ислоҳот ворид шуд, ки тибқи он, дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз озод карда шуданд. Инчунин воридоти таҷҳизоти фаннӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ низ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Бар асоси омори расмӣ, соли 2016 беш аз 312 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, ки аз ин ҳисоб ба иқтисоди ин кишвар 156 миллион доллар ворид шудааст. Гардишгарони хориҷиро дар Тоҷикистон бештар дуввумин кӯҳи баланди дунё, ки дар Бадахшон воқеъ аст, таъриху фарҳанги хоси ин мардуми минтақа ва мавзеъҳои таърихию табиати зебои кишвар ба худ ҷалб мекунад. Ҳамчунин шикори гӯсфанди “Марко Поло”, паррандаву ҳайвоноти нодир ва моҳидорӣ дар кӯлҳое мисли Искандаркӯлу Сарез аз дигар омилҳои ҷалби сайёҳҳон ба Тоҷикистон дониста мешавад.