Июн 09, 2017 19:56 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи дафтари ёдбуди шуҳадои ҳамалоти террористии Теҳрон дар Тоҷикистон

Дафтари ёдбуди шуҳадои ҳамалоти террористии ахир дар Теҳрон дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Ҷамъе аз сафирон, дипломатҳо ва шахсиятҳои фарҳангию сиёсии Тоҷикистон бо ҳузур дар маҳалли сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе бо навиштани ҷумалоте дар ин дафтари ёдбуд бо хонаводаи шуҳадои ҳамалоти террористӣ ибрози ҳамдардӣ карданд. Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва сафирони кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ҷопон, Белорусия, Англия, Қирғизистон ва Олмон аз ҷумлаи афроде буданд, ки дар дафтари ёбуд имзо гузоштанд.

Дафтарҳои ёдбуди шаҳидони ҳамалоти террористии Теҳрон дар сарконсулгариҳо ва сафоратҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишварҳои Ҳинд, Покистон, Арманистон, Шри-Ланка, пойтахтҳои Русия ва Фаронса низ гушуда шуд.

Ҳафтуми июн дар ду амалиёт террористии ДИИШ дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Теҳрон 17 нафар ба шаҳодат расиданд ва 52 нафари дигар захмӣ шуданд.

 

Барчасп