Август 09, 2016 11:02 Asia/Dushanbe
  • 503 ҷиноёти марбут ба фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Суғд

Тайи шаш моҳи соли ҷории мелодӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон 503 мавриди ҷиноёти марбут ба фасоди молӣ ва ришвахорӣ ба сабт расидааст.

Ба гузориши сайти "Топ.тҷ", Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ дар вилояти Суғд эълом кардааст, ки ин омор дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 290 маврид бештар аст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, аз оғози соли ҷорӣ кормандони ин идора иқдом ба анҷоми 78 мавриди таҳқиқ ва тафаҳҳус дар муассисот ва ниҳодҳои ҳукуматӣ дар ин минтақа кардаанд, ки маълум шуд бар асари фасоди молӣ 22 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба давлат хисорот ворид шудааст.

Дар пайи иқдоми ин идора барои бозгардондани ин манобеи молӣ 17 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба созмонҳо ва ниҳодҳои давлатӣ пардохт шудааст, ки 85 дарсад аз маҷмӯи маболиғи истифодашуда дар ин роҳро ташкил медиҳад.

Дар ин иртибот бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар 98 маврид алайҳи масъулони идороти давлатӣ ва афроде, ки аз ҷойгоҳ ва мақоми давлатӣ сӯиистифода карда ва ё даст ба қочоқу фиребгарӣ зада  ва ҳамчунин ришва дарёфт карда ва фирор аз пардохти молиёт доштаанд, парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Дар охирин маврид аз ин ҳаводис, Хуршед Ализода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми дарёфти ришва ба маблағи 50 ҳазор доллар боздошт шуд.

Барчасп