Июн 14, 2017 14:36 Asia/Dushanbe
  • Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ереван

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар як сафари расмии дурӯза ба Арманистон рафт.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин сафар ба даъвати Серж Саркисён, раиси ҷумҳурии Арманистон сурат мегирад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин сафар дастёрони вай дар масоили сиёсати хориҷӣ ва масоили ҳуқуқӣ, вазири умури хориҷа, вазирони тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорат, беҳдошт ва умури иҷтимоӣ, улум, омӯзиш ва парвариш ва раисони Фарҳангистон улум, Кумитаи амвол ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш ҳамроҳӣ мекунанд.

Қарор аст дар ин сафар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон асноди байнидавлатӣ дар заминаи ҳимоят аз сармоягузорӣ, илмӣ ва фановарӣ, иттилоот, сохтусоз ва ҳифозат аз муҳити зист ба имзо расад.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Арманистон 12 –уми октябри соли 1992 оғоз шудааст.

 Ба гузориши Ожонси омори Тоҷикистон, арзиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Арманистон дар поёни соли 2016 беш аз 269 ҳазор доллар будааст.

 

Барчасп