Июн 25, 2017 09:39 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати иди саиди Фитр

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фарорасидани иди саиди Фитрро ба шаҳрвандони ин кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ, зимни баёни фазилатҳои моҳи Рамазон аз мардуми саховатманди кишвараш хост, дасти ҳиммати худро сӯи ниёзмандон дароз кунанд.

Дар матни паёми табрикии раисиҷумҳури Тоҷикистон омадааст, ҳар сол мардуми мусулмон баъд аз адои яке аз фаризаҳои дини мубини Ислом ва рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, фароирасидани иди саиди Фитрро бо болидани рӯҳӣ ва хушҳолии вижае ҷашн мегиранд. Бинобар ин, ин муносибатро ба куллияи ҳамватанони азиз самимона табрик мегӯям ва барои ҳар як аз шумо саодат, сулҳ, хайру баракат оризӯ менамоям.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин паём гуфтааст, Рамазон, яъне моҳи парҳезгорӣ, тақво, покизагӣ ва фурӯтанӣ ва фурсати муносибе аст, то мардуми мусулмон аз он барои паймудани роҳи маърифати маънавӣ истифода намоянд. Умедворам ҳамаи шумо аз мафҳумҳои баланд ва инсонсози ин моҳ, аз ҷумла сабру таҳаммул, раҳму шафақат ва дигар амалҳои хайр дарси хубе омӯхта бошед.

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварии ин, ки дар ин рӯзҳои саид, додани садақа ва некӣ ба мардум аз амалҳои савоб ва нек ба ҳисоб меравад, аз ашхоси саховатманд даъват намудааст, дар ин рӯзи саид низ дасти ҳиммати худро ба сӯи ятимон, маълулон, бесарпарастҳо, ниёзмандон ва хонаводаҳои камбизоат дароз кунанд ва бо ин иқдоми ҷавонмардона, сазовори аҷру подоши бештар шаванд ва барои таҳкими бештари дӯстӣ ва бародарӣ дар ҷомеа ва суботу оромиш дар кишвари азизи худ мусоидат намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба Қонуни танзими оин ва маросимҳо гуфтааст, ба ҳамаи ҳамватанони азиз, беш аз ҳама, ба модарон ва хоҳарони мӯҳтарам таъкид менамоям, ки дар рӯзи Иди Фитр, ҳангоми оростани дастархони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ ва зиёдарави рӯй нёваранд ва фаромӯш накунанд, ки сарфаҷӯӣ яке аз хислатҳои хуби мардуми мост ва мунҷар ба зиёд шудани хайру баракат дар ҳар хонадон мешавад.