Июн 29, 2017 19:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори  Вазорати умури дохилии  Тоҷикистон дар бораи вируси “Petya”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар дар мавриди густариши вируси мухарриби “Petya”, дар шабакаҳои роёнаии ин кишвар ҳушдор дод.

    Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе дар сомонаи худ аз корбарони интернет хостааст, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси “Petya”,  дар Тоҷикистон ба номаҳои машкук посух надиҳанд ва барномаҳои зиддивирусиро ба роёнаҳои худро бурузрасонӣ кунанд.

  Пештар расонаҳо аз интишори вируси “WannaCry” дар саросари ҷаҳон хабар дода буданд, ки бархе шабакаҳои роёнаеро дар Тоҷикистон низ олуда карда буд.

  Бисёре аз роёнаҳои ҷаҳон дар рӯзҳои ахир мавриди ҳуҷуми бадафзори вируси ҷадиде қарор гирифтаанд, ки ба гуфтаи муҳаққиқон аз “WannaCry”  ҳам хатарноктар аст.

   Ин вирус, ки “Petya” ном дорад аз қурбониён мехоҳад, то маблағеро ба унвони боҷ ба як ҳисоби ношиноси онлайн вариз кунанд, то файлҳояшон дубора қобили дастрасӣ шавад.

 

Барчасп