Оғози содироти худравҳои сохти Қазоқистон ба Тоҷикистон
Ширкати қазоқистонии “Allurgroup” аз оғози содироти 55 худрави сохти ин кишвар ба Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории “zakon.kz”, ин теъдод худрав тавассути роҳи оҳан аз корхонаи мошинсозии шаҳри Костанай ба Душанбе мунтақил хоҳад шуд.
Қимати ин 55 худрави содиротии Қазоқистон ба Тоҷикистон наздик ба 600 ҳазор доллар унвон шуда ва то поёни имсол қарор аст, беш аз як ҳазор дастгоҳ аз ин мошинҳо ба Тоҷикистон мунтақил гардад.
Мудирияти ширкати қазоқистонии “Allur group” таъкид кардааст, ки маблағи қарордоди содироти ин мизон худрав аз навъи “Jac s3” ба Тоҷикистон наздик ба 10 миллиону 500 ҳазор доллар аст.
Аз вижагиҳои худрави “Jac s3”, ҳаракати осон дар манотиқи кӯҳистонӣ ва шароити сахтгузари Тоҷикистон муносиб аст.
Қарордоди содироти худравҳои мутобиқ бо шароити кӯҳистонии Тоҷикистон, моҳи апрели имсол миёни ширкатҳои қазоқистонӣ ва тоҷикистонӣ дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд.
Маҳсулоти ширкати худравсозии чинии “Jac”, дар чанд кишвари дигар аз ҷумла Қазоқистон тавлид мешавад.