Август 10, 2016 09:50 Asia/Dushanbe
  • 5 соли зиндон барои омӯзиши Салафия аз тариқи WhatsApp

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Шуҳрат Партоевро барои ҷонибдории ташкили иттиҳоди экстремистӣ ва омӯхтани дарсҳои равияи динии ифротгарои Салафия ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Ба иттилои Азия-Плюс ба нақл аз Фирӯз Султонзода, сухангӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, Шуҳрат Партоев бар асоси қисми дуюми моддаи 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)-и КҶ Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст.

Гуфта мешавад, Шуҳрат Партоев соли 2010 аз сомонаи интернетӣ таълимоти равияи Салафияро омӯхта, онро дуруст мешуморад ва ҳамчун аъзои ин равия бо мақсади паҳн намудани афкори он, тариқи телефони мобилӣ ба сомонаи интернетии барномаи иҷтимоии WhatsApp даромада, ба гурӯҳи “ Ҳикмат-14”, ки дар он аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ «Устод Назратулло” ном шахси ба тафтишот номаълум дарс мегузарад, аъзо шудааст.

Баъди аъзо шудан ба ин гурӯҳ аз барномаи  иҷтимоии WhatsApp бо мақсади омӯхтан дарсҳои равияи экстремистии динии Салафияро дар хотираи телефони мобилии худ сабт ва он дарсҳоро азхуд карда, тарзу услуби намозгузории равияи динии Салафияро қабул мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки Шуҳрат  бо ҳамин бартарии ақидаи равияи Салафияро нисбат ба таълимотҳои мазҳаби суннатии дини Ислом, ки ҳазорсолаҳо аз ҷониби мусулмонони Тоҷикистон устувор гардидаанд, мухолиф гузошта, ба ташвиқу тарғиб ва пайравии таълимоти Салафия пардохтааст.

Мавриди зикр аст, ки равияи Салафия дар асоси ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон аз санаи 08- уми декабри соли 2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ  эътироф шуда, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ мебошад.