Озодии молиётии бархе шуғлҳо дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон бо интишори ҳукме теъдоде аз машоғилро аз пардохти молиёт муоф кард.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Топ Тҷ, бар асоси ин ҳукм, аз аввали моҳи июли имсол афроде, ки бидуни доштани ғурфа дар атрофи марокизи тиҷорӣ, канори роҳҳо ва хиёбонҳо, чаҳорроҳо ба хӯрдафурӯшӣ машғул ҳастанд аз пардохти молиёт муоф шудаанд.
Акнун бо иҷроӣ шудани ин дастури ҳукумати Тоҷикистон, фурӯшандагони мева ва сабзиҷот, рӯзнома ва маҷаллот, гиёҳони доруӣ, тухмаи офтобгардон, каффошон, аробакашҳо ва гӯркобон дигар молиёти пардохт нахоҳанд кард, зеро ин ақшор даромади ночизе ба даст меоваранд, ки барои дарёфти муҷаввиз ва пардохти молиёт кифоят намекард.
Дар аксари маворид соҳибони ин машоғил бо таъқиби неруҳои полис рӯба рӯ мешуданд ва маҷбӯр буданд ба баҳонаи надоштани муҷаввиз ва тиҷорати ғайримуҷоз, ҷаримаи молӣ пардохт намоянд.
Ба гуфтаи Собир Исоев, корманди масъули Кумитаи давлатии молияи Тоҷикистон, тасмими муофияти молиётии соҳибони ин машоғил пас аз баррасиҳои зиёд гирифта шуда, зеро буҳрони иқтисодии се соли ахир ба зиндагии ин афрод таъсири ногувор расондааст.
Аз сӯи дигар, Шамсиддин Ҷалолов- иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки теъдоде аз касабаи бозорҳо ва марокизи тиҷорӣ бо суиистифода аз ин тасмими ҳукумати Тоҷикистон ва ба манзури худдорӣ аз пардохти ҳазинаи дарёфти муҷаввиз ва молиёт, аз дохили бозорҳо ба кӯча ва хиёбонҳо хоҳанд рафт.